расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » СЮРПРИЗИ ОШПАЗИ МАЪРУФИ ТУРК БУРАК БАРОИ ЗАНОНУ ДУХТАРОНИ РОҲРӮБИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

СЮРПРИЗИ ОШПАЗИ МАЪРУФИ ТУРК БУРАК БАРОИ ЗАНОНУ ДУХТАРОНИ РОҲРӮБИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

СЮРПРИЗИ ОШПАЗИ МАЪРУФИ ТУРК БУРАК БАРОИ ЗАНОНУ ДУХТАРОНИ РОҲРӮБИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
Ошпази машҳури турк Бурак Ӯздемир, молики бренд ва шабакаи тарабхонаҳои “CZN Burak” дар шаҳрҳои гуногуни дунё, аз ҷумла дар Душанбе, рӯзи 10 июли соли 2023 дар саҳифааш дар Инстаграм видеои ширинеро дар бораи чӣ гуна бо дасти худаш тайёр кардани сендвичҳои ҳамбургер ва картошка ва ҳамин тавр, шахсан бурда, ба занону духтарони роҳрӯб дар кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистон тақсим кардани ин маҳсули дастонаш нашр кард. Бурак Ӯздемир дар поварақи ин видео навиштааст: “Муҳаббат бузургтарин иртибот аст”.
Дар видео дида мешавад, ки чӣ гуна ин ошпази машҳур дар рӯи як мизи бузург сендвичҳоро якто якто тайёр мекунад ва сипас картошкаи навъи фри пухта, дар қуттиҳои алоҳида ҷо мекунад ва сипас ба кӯчаҳои Душанбе баромада, ба занону духтарони роҳрӯб ин ҳамаро тақсим мекунад. Ин занони духтарони роҳрӯб аз ин ки ин ошпази машҳури ҷаҳонӣ лутф карда, шахсан барои онҳо ғизо омода кардааст, ба ваҷд омада, дуояш медиҳанд ки: “Худо пеши роҳи коратонро кушода гардонад ва файзу баракатро дар кору тиҷорататон биафзояд!”
Дар байни ҳамагӣ як рӯз дар канали Бурак Ӯздемир дар Инстаграм ин видеоро 1,9 миллион нафар лайк гузошта, беш аз 25 ҳазор нафар зери он шарҳ навиштаанд. Аксари тамошобинон ба ин ошпази маъруф барои ин амали савобаш офарин хонда, барояш барору комёбии боз ҳам бештар таманно кардаанд. Саҳифаи Бурак Ӯздемир дар Инстаграм қариб 49 миллион пайрав дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.