расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров духтари 15-сола ғарқ шуд

Асосӣ / Ҷомеа / Ҷаҳон

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров духтари 15-сола ғарқ шуд

Ҳамчунин дар як қатор ноҳияҳои кишвар ҳодисаҳои фаромадани селҳо ба қайд гирифта шудааст.

Духтари 15-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд шоми 3 июл ҳангоми оббозӣ дар ҷойи манъшуда дар Сирдарё ғарқ шуд.
Бар баргузории корҳои ҷустуҷӯ басти навбатдории имдодгарони Раёсати ҳолатҳои фавқулода ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардид.
“Дар ҷараёни корҳои ҷустуҷӯ ҷасади духтар дарёфт ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шуд”, - хабар медиҳад хадамоти матбуоти КҲФ Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, шабонарӯзи гузашта дар як қатор ноҳияҳои кишвар ҳодисаҳои фаромадани селҳо ба қайд гирифта шудааст.
Рӯзи 3 июл дар қаламрави деҳаи Водифи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ тӯдаи сангу лой роҳҳои байни деҳаҳоро баст. Тавре ки КҲФ хабар медиҳад, бар асари ҳавои гарм ва обшавии ях дар қуллаи кӯҳҳо, сатҳи об дар дарёҳо боло рафт.
“Дар натиҷа оби сойи деҳаи Водиф аз соҳилҳо баромада, тӯдаи лойқа роҳҳои байни деҳаҳои Водиф, Деҳҳавз ва Деҳҳисорро баст”, - хабар медиҳад Кумита.
Гуфта мешавад, комиссияи ноҳиявӣ дар ҷойи ҳодиса буда, корҳои бартараф намудани оқибатҳои офат ҷараён доранд. Талафоти ҷонӣ ва харобиҳо нест.
Ҳодисаи дуюм дар қаламрави ноҳияи Лахш рух дод. Бар асари боришоти пуршиддат дар километри 247-уми роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Лахш сел фаромада, ин қитъаи роҳро муваққатан баст.
Баъди чанде хадамоти роҳсозӣ оқибатҳои селро бартараф намуда, роҳ боз ва ҳаракати нақлиёт барқарор шуд. Талафоти ҷонӣ ва харобиҳо нест.

asiaplustj.info

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.