расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Поёни сафари Алиев дар Тоҷикистон: ӯро Раҳмон шахсан гусел кард

Асосӣ / Президент / Сиёсат

Поёни сафари Алиев дар Тоҷикистон: ӯро Раҳмон шахсан гусел кард

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон сафари Илҳои Алиев ба Душанберо, ки ду рӯз давом кард, барои ҷонибҳо бобарор хондааст

Сафари давлатии президенти Озарбойҷон дар Тоҷикистон поён ёфт, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
"6 апрел пас аз анҷоми сафари бобарори давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Боку баргашт", - афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми самимӣ ҳамтои озараш Илҳом Алиевро гусел намудаст.
Ёдовар мешавем, ки сафари президенти Озарбойҷон дар Душанбе давоми ду рӯз - 5 ва 6 апрел идома ёфт.
Зимни ин сафар мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмии ду кишвар сурат гирифта, аз рӯйи натиҷаҳои он 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар ин феҳраст аз ҷумла созишнома байни ҳукуматҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин;
Созишномаи ҳамкорӣ миёни мақомоти умури дохилии ду кишвар, протокол мақомоти гумрук оид ба ташкили табодули пешакии иттилоъ доир ба молҳо ва воситаҳои нақлиёт, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳуриии Озарбойҷон интиқол меёбанд, аз ҷумлаи санадҳои наванд.
Мубодилоти мол миёни кишварҳо дар соли 2022 ҳудуди 6,5 млн долларро ташкил додаст, ки аз ин наздики 6 млн доллар ба воридоти коло аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон рост омада, зиёда аз 400 ҳазор долларро содирот ташкил медиҳад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.