расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Беш аз 20 нафар муроҷиат намуда, 10 кас бистарӣ шудааст: Дар Исфара чӣ рух дод?

Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Беш аз 20 нафар муроҷиат намуда, 10 кас бистарӣ шудааст: Дар Исфара чӣ рух дод?

Мақомоти зирабти шаҳри Исфара таъйид карданд, ки баъд аз истеъмоли хӯриш дар яке аз қаҳвахонаҳои машҳури шаҳри Исфара якбора 22 нафар заҳролуд шуданд

Дар пайи рухдоди ин ҳодиса 10 нафар ба шуъбаи сироятии Шифохонаи марказии шаҳр бистарӣ карда шудаанд.
Соҳим Абдуллоев, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Исфара дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ин ҳодиса чи гуна рух додааст.
“Бино ба маълумоти расида ин гурӯҳи сокинон барои хурокхурӣ ба қаҳвахонаи “Одилон”-и маркази шаҳр рафтаанд. Онҳо дар он ҷо хуруши “капризни” истеъмол намуда заҳролуд шудаанд” – иброз намуд, Абдуллоев.
Бино ба иттилоъи манбаъ ин ҳодиса чаҳор рӯз қабл рух дода ва 22 сокини шаҳр бо нишонаҳои аломати заҳролудшавӣ ба шуъбаи сироятии Шифохонаи марказии Исфара муроҷиат намудаанд.
Баъди муоина ва таъини муолиҷаи табибон 12 нафари муроҷиаткунандагон аризаи рухсатшавӣ навишта, 10 нафари дигар бистарӣ карда шудаанд.
Соҳим Абдуллоев, дар ҳоли ҳозир вазъи саломатии ин теъдод сокинонро муътадил арзёбӣ намуд.
Дар пайи рухдоди ин ҳолат Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара бо иштироки масъулини Беморхонаи марказии шаҳр, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва Кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарии шаҳр ҷаласаи фаврӣ доир намудааст.
Шаҳрдори Исфара аз масъулин ва мақомот қотеъона талаб намудаст, ки ки гунаҳкорони ҳодиса ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Фаъолияти қаҳвахонаи “Одилон” и Исфара, баъд аз заҳролудшавии сокинон сар аз рӯзи 6 август боз дошта шуда, мақомот ба дари он муҳр задаанд.

sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Vaughn | Гости

    gdzie kredyt hipoteczny forum - https://clinfowiki.win/wiki/Post:Wylicz_kredyt_gotwkowy Hey very cool site!! Man .. Beautiful .. Amazing .. I will bookmark your website and take the feeds also? I'm happy to find a lot of helpful info here in the post, we need develop extra techniques on this regard, thank you for sharing. . . . . . pozyczka przez internet na konto bank

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.