расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Вазири меҳнат гуфт, 126 нафарро барои кор ба Бритониё фиристоданд

Асосӣ / Муҳоҷир

Вазири меҳнат гуфт, 126 нафарро барои кор ба Бритониё фиристоданд

Масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯянд, соли равон 126 нафарро барои кор ба Бритониё (Англия) фиристодаанд. Хабари кор дар Бритониё таваҷҷуҳи бисёриҳоро ҷалб кард, вале аз оморҳои расмӣ бармеояд, ки теъдоди муҳоҷирони интиқолшуда ба ин кишвари аврупоӣ ночиз аст.

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ рӯзи 26-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, 200 нафари дигар интизори гирифтани раводиди Бритониё ҳастанд. Хонум Амонзода гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон дар Бритониё асосан дар корҳои мавсимии гармхонаҳо кор мекунанд.
Мақомот мегӯянд, талош доранд теъдоди кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирони тоҷикро зиёд кунанд. Феълан муҳоҷирони тоҷик асосан барои кор ба Русия ва Қазоқистон мераванд.
Вазири меҳнат ва муҳоҷират мегӯяд, соли равон ҳайати Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ сафар доштанд ва масъалаи интиқоли муҳоҷирони тоҷикро ба ин кишвар баррасӣ карданд.
Масъалаи интиқоли муҳоҷирони тоҷик ба Кореяи Ҷанубӣ чанд сол аст, ки баррасӣ мешавад, вале то ҳол ин кор амалӣ нашудааст. Ширин Амонзода рӯзи 26-уми июл гуфт, "омодагӣ ва ба рӯйхатгирии хоҳишмандон ба роҳ монда шуда, кор идома дорад".
Аз солҳои навадум ба ин сӯ Русия кишвари асосии муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст. Дар радаи дувум Қазоқистон меистад. Солҳои охир шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кору маоши беҳтар бо ҳар роҳе худро ба Кореяи Ҷанубӣ, Аврупо ва ё Амрико мерасонанд, аммо шумораашон зиёд нест. Дар Русия ба ҳисобҳои гуногун беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору иқомат доранд.
Ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон тақрибан шаст ҳазор кас ҳамчун бекор сабт шудаанд. Омори ғайрирасмиро бештар аз ин медонанд.

ozodi

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.