расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Сарвазири Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ташриф меорад

Асосӣ / Сиёсат

Сарвазири Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ташриф меорад

Ин аввалин сафари мансабдори воломақоми хориҷӣ ба Тоҷикистон пас аз эълони пандемия аст.

Сурат: uznews.uz

Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов дар маросими ифтитоҳи мактаб таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки аз ҳисоби ҳукумати Ӯзбекистон сохта ба истифода дода шуд, иштирок мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси вилояти Суғд хабар дод.

Мактаби мазкур барои 640 ҷойи нишаст дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд сохта шудааст. Созишнома дар бораи сохтмони он моҳи марти соли 2018 зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба имзо расида буд.
Санаи маросими тантанавии ифтитоҳи иншоот тариқи воситаҳои дипломатӣ муайян карда мешавад.

Ба ҷуз мактаб дар ноҳияи Спитамен, сохтмони беморхона барои қабули 200 нафар дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон низ аз ҷониби Ӯзбекистон ҷараён дорад.

Тоҷикистон низ аллакай доир ба сохтмони мактаб дар шаҳри Самарқанд барои 640 ҷойи нишаст изҳори назар карда буд. Ҳамчунин Тоҷикистон ният дорад, ки дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғона як муассисаи томактабӣ созад.

Қобили зикр аст, ки ин аввалин сафари мансабдори воломақоми хориҷӣ ба Тоҷикистон пас аз эълони пандемия дар саросари дунё аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.