расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Трамп Амрикоро кишвари таназзул ва расво гуфт

Асосӣ / Сиёсат / Ҷомеа / Ҷаҳон

Трамп Амрикоро кишвари таназзул ва расво гуфт

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тайи ду соли охир чунон сахт такон дода шуд, ки он ба кишвари хандахарош табдил ёфт, гуфт президенти собиқ Доналд Трамп дар як гирдиҳамоӣ дар Иллинойс.

Раиси пешини Кохи сафед раҳбари кунунӣ Ҷо Байден ва маъмурияти ӯро ба он муттаҳам кард, ки иқтисод ва сиёсати Вашингтонро дар арсаи ҷаҳон аз даст доданд.

"Ин дигар кишвари бузург нест, ин кишвари таназзул аст. Ман аз гуфтани ин ҳарфҳо ба шумо шарм медорам. Ин кишварест, ки мизони таваррум ва нархи сӯзишворӣ дар 40 сол ба ҳадди рекордӣ расид. Мо ҳеҷ гоҳ ба мушкили энержӣ дучор набудем, аммо ҳоло дигар мо мустақили энергетикӣ нестем, ҳатто як давлати ҳукмрон нестем, чунон ки ҳамагӣ ду сол пеш буд,” гуфт ӯ.

Трамп ёдовар шуд, ки дар солҳои раёсати Байден, Иёлоти Муттаҳида озодии баён ва матбуоти мустақилро аз даст дод, бо афзоиши шадиди ҷиноят ва марг, афзоиши муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва фурӯпошии иқтисодӣ рӯбарӯ шуд.

"Аммо шояд муҳимтар аз ҳама он аст, ки дар ду соли охир кишварро гӯш кардан ва эҳтиром карданро аз байн бурданд. Аз бисёр ҷиҳат ба масхара табдил ёфт", - изҳор дошт собиқ президент.

Бар асари сиёсати Ғарб, ки таҳримҳои зидди Русия дорад, қатъи занҷирҳои таъминот боиси мушкилоти иқтисодӣ дар Амрико ва Аврупо шудааст, ки бо афзоиши бесобиқаи қимати маводи сӯхт ва маводи ғизоӣ мувоҷеҳ шудаанд.

Дар Штатхои Муттахида таваррус дар мохи май то ба 8,6 фоиз расид, ки ин аз декабри соли 1981 баландтарин буд ва 10 июн нархи бензин бори аввал дар таърих аз 5 доллар боло рафт.



Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.