расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Вазорати мудофиа: Северодонетск таҳти назорати ҶМЛ гузашт

Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Вазорати мудофиа: Северодонетск таҳти назорати ҶМЛ гузашт

Северодонетск, инчунин деҳаи Боровское ва шаҳракҳои Вороново ва Сиротино таҳти назорати пурраи ҶМЛ қарор гирифтанд. Дар ин бора Вазорати дифои Русия хабар дод.

Бар хабари манаъ, масоҳати умумии қаламрави озодшуда 145 километри мураббаъ аст, тақрибан 108 ҳазор нафар дар шаҳракҳое, ки дар зери назорати нерӯҳои ҶМЛ қарор доштанд зиндагӣ мекунанд.

Далели он, ки низомиёни украинӣ тасмим гирифтанд, ки шаҳрро тарк кунанд, рӯзи дигар маълум шуд.

Раҳбари маъмурияти низомии вилояти Луганск Сергей Гайдай қайд кард, ки инфрасохтори шаҳр вайрон шуда, 80-90 дарсади хонаҳо тахриб ё осеб дидаанд.

Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.

Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".

Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.


Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.

Пас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Тарафҳо аллакай дар баъзе масъалаҳо ба созиш расиданд.

Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи паймон дигар вокуниш накард.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.