расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДОИШ* масъулияти ҳамла ба як маъбади ҳиндуҳо дар Кобулро бар ӯҳда гирифт

Асосӣ / Сиёсат / Ҷомеа / Ҳаводис

ДОИШ* масъулияти ҳамла ба як маъбади ҳиндуҳо дар Кобулро бар ӯҳда гирифт

Ҳамла ба маъбади ҳиндуҳо дар пойтахти Афғонистонро ҷангҷӯёни ДОИШ* анҷом доданд, хабар медиҳад Aamaj News.

Роҳбарони ин гурӯҳи террористӣ ахиран тасдиқ намуданд, ки ин амали даҳшатбор кори дасти ҷангҷӯёнашон мебошад.

Рӯзи шанбеи 18 июн дар маъбади ҳиндуҳои Аҳл-ал-Ҳинуд дар маҳаллаи Карте Парвон дастикам панҷ таркиш ба вуқӯъ пайваст. Зимнан, ҷангҷӯёни толибон ни минтақаро муҳосира карданд ва тирпаронӣ рух дод, хабар медиҳад як рӯз пеш.

Зимнан, шоми ҳамон рӯз хабаргузории давлатии Афғонистон Bakhtar хабар дод, ки ҳамлагарон ҳама безарар карда шуданд.

"Нерӯҳои амниятӣ тавонистаанд, ки ҳамларо ба зудӣ ҷилавгирӣ кунанд ва ҳамлагаронро дар як муддати кӯтоҳ аз байн баранд. Дар натиҷаи ҳамлаи ҷинояткорон як шаҳрванди Ҳиндустон кушта ва ду ҳиндуи дигар захмӣ шуданд", - тавзеҳ дод ин хабаргузорӣ.

Илова бар ин, толибон низ аз кушта шудани як узви худ ва ҳамчунин маҷрӯҳ шудани ҳафт толиби дигар хабар доданд.

Қабл аз ин, рӯзи ҷумъа бар асари таркиш дар як масҷиди ноҳияи Имом Соҳиби вилояти Кундуз, ҳаммарз бо Тоҷикистон, як нафар кушта ва ҳафт нафар маҷрӯҳ шуданд. Манобеи Aamaj News бо истинод ба Обидулло Абедӣ, намояндаи толибон дар Қундуз хабар дод, ки вазъи маҷрӯҳшудагон қаноатбахш буда, ҳодисаи рухдода таҳқиқ мешавад.

* гурӯҳи террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.