расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Қодиров ҳақиқатро дар бораи талафоти бузурги зархаридон дар Украина ошкор кард

Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Қодиров ҳақиқатро дар бораи талафоти бузурги зархаридон дар Украина ошкор кард

Сарбозоне, ки аз хориҷи кишвар барои ҷанг ба Украина омадаанд, талафоти вазнин доданд, гуфт роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров дар канали Telegram-и худ.

"Зархаридон навори нокомии худро хеле кам нашр мекунанд. Дарвоқеъ, талафоти хориҷиён бузург аст ва наҷотёфтагон бештар дар бораи даст кашидан аз ин тиҷорати бемаънӣ ва дур шудан аз Украина фикр мекунанд", - навиштааст ӯ.

Вай афзуд, агар чанд моҳ пеш зархаридони хориҷӣ дар шабакаҳои интернетӣ наворҳое нашр мекарданд, ки "бартарӣ"и худро гӯё нишон медоданд, ҳоло онҳо танҳо метавонанд аз "нотавонӣ" -и худ гӯянд.

Ба унвони мисол ӯ ба Ҷеймс Васкес ишора кард, ки аз Амрико барои ҷанг ба Украина омадааст.

Дар яке аз навиштаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯ дар бораи талафоти калон сухан гуфт. Аз ҷумла, зархарид иқрор шуд, ки мардуми зиёдеро аз даст додааст ва мехоҳад ҳарчи зудтар ба ватан баргардад.

Тавре вазорати дифоъ хабар дод, дар оғози амалиёти вижаи низомии Русия ҳудуди 7000 зархариди хориҷӣ асосан аз Лаҳистон, Канада ва ИМА вориди Украина шуданд. Ҳоло онҳо каме бештар аз 3,2 ҳазор нафар боқӣ монданду халос.

Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.

Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".

Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.



Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.