расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Песков гуфт, дар бораи эътирофи толибон тасмиме нест

Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Песков гуфт, дар бораи эътирофи толибон тасмиме нест

Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт, дар бораи эътирофи ҳукумати нави Афғонистон аз сӯйи Маскав ҳарфе нест.

Ӯ гуфт, дар ин замина суолҳои зиёде боқӣ мондаанд.

"То ҳол дар ин бора сухан нарафтааст. Мо борҳо дар ин бора суҳбат кардем. Пешгӯиҳо бефоидаанд. Мушкилоти зиёди башардӯстона вуҷуд доранд, ки бисёре аз кишварҳоро маҷбур мекунанд, иртиботи вижа эҷод кунанд", - гуфт Песков дар суҳбат бо хабарнигорон.

Маврид ба зикр аст, ки ахиран Замир Кобулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон дар мусоҳибае гуфт, дар ин масъала, дар эътирофи толибон Федератсияи Русия на ба ИМА ва на ба дигар кишварҳо нигоҳ намекунад.

"Чунин дурнамоҳои возеҳу рӯшан вуҷуд доранд, шартҳоро ҳам раисҷумҳури Русия ва ҳам вазири корҳои хориҷӣ ироа карданд", — гуфт намояндаи Вазорати корхои хориҷии Русия.

Вай афзуд, қадами аввал дар ин самт бояд қудрати фарогири этносиёсӣ бошад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли 2021, бо суқути ҳукумати пешини Афғонистон толибон ҳокимияти худро дар ин кишвар мустақар сохтанд.

Ҳамакнун наздик ба даҳ моҳ мешавад, ки ин гурӯҳ на машруияти дохилӣ дораду на хориҷӣ.

Ҳамзамон, бино ба андешаи коршиносон, бо ба ҳукумат расидани толибон тамоми гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар гирд омадаанд ва ин кишвар як паноҳгоҳи амни онҳо гаштааст.

Ахиран ду ҳамлаи мушакӣ аз хоки ин кишвар ба Ӯзбекистон ва як ҳолати дигар ба Тоҷикистон сурат гирифт. Ҳамзамон раддубадалҳое дар марз бо Туркманистон ва Эрон низ доштанд.

Бо гузашти замон ҳукумати ин гурӯҳ ҳарчи бештар барои кишварҳои минтақа хатарзо мегардад ва бинобар ин талошҳо барои вокуниши муштарак дар ҳолатҳои зарурӣ сурат мегиранд.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.