расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Хоҳишмандони таҳсил дар хориҷ зиёд: намоишгоҳи таълимии Русия дар Хуҷанд – акс

Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Хоҳишмандони таҳсил дар хориҷ зиёд: намоишгоҳи таълимии Русия дар Хуҷанд – акс

Дар шаҳри Хуҷанд ярмарка - намоишгоҳи таълимии донишгоҳҳои Русия баргузор шуд. Саҳну атрофи “Қасри ҷавнон” ба номи Лоиқ Шералӣ дар Хуҷанд пур аз ҷавонону наврасон буд.

Садҳо нафар хонандаҳои макотиб аз шаҳру навоҳии Суғд, барои иштирок дар ҳамоиши донишгоҳҳои Русия омаданд.

Ин даҳумин намоишгоҳи донишгоҳҳои Русия буд, ки дар Хуҷанд баргузор шуд.

Роман Масан, роҳбари "Хонаи русӣ" дар Хуҷанд гуфт, ки дар ҷараёни ҳамоиш беш аз 22 донишгоҳу доникадаҳои Русия квотаҳои худро барои донишомӯзони тоҷик муаррифӣ мекунанд.

"Мо мебинем, ки сафи хоҳишмандони таҳсили ройгон дар донишгоҳҳои Русия бештар аст. Умедворем, ки солҳои баъдӣ шумори квотаҳое, ки барои Тоҷикистон ихтисос дода мешавад боз ҳам бештар шавад ва нафарони зиёде, ки дорои донишу саводи хуб ҳастанд имкони таҳсил дар донишгоҳҳои Русияро дошта бошанд” – таъкид кард Масан.

Чунин намоишгоҳ рӯзҳои 10 – 12 июн дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд. Қарор аст баъд аз Хуҷанд он дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд ҳам доир гардад.

Мубтакирони ин чорабинӣ мегӯянд, донишҷӯёне, ки дар имтиҳонҳо комёб мешаванд, имкони таҳсили ройгон дар донишгоҳҳои Русияро дарёфт мекунанд.

Инчунин ин гурӯҳи донишомӯзон бо хобгоҳ таъмин гардида ба онҳо стипендия ҳам дода мешавад.

Андрей Варламов, консули генералии Руссия дар шаҳри Ҳуҷанд таъкид кард, ки баргузории ин гуна чорабиниҳои илмӣ фарҳангӣ дар заминаи ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон ва Русия доир карда мешаванд.

Бино ба иттилои Раёсати маорифи вилояти Суғд, ҳамасола бештар аз 1500 нафар аз шумори хатмкунандаи мактабҳо, барои таҳсил ба донишгоҳҳои Русия мераванд.

Тибқи иттилои вазорати маорифи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар макотиби олии Русия бештар аз 24 ҳазору 600 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд, ки аз ин шумор 7800 донишҷӯ аз вилояти Суғд гуфта мешавад.


Сарчашма:Sputnik


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.