расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Путин унвони фахрии Қаҳрамонмодарро баргардонд

Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис / Ҷаҳон

Путин унвони фахрии Қаҳрамонмодарро баргардонд

Президенти Русия Владимир Путин аз идеяи эҳёи унвони фахрии Қаҳрамонмодар пуштибонӣ кард.

Дар ин бора ӯ дар мулоқот бо оилаҳое, ки бо ордени Шуҳрати падару модар мукофотонида шудаанд, изҳор дошт.

Ба гуфтаи ӯ, оилаҳои серфарзанд ба кумаки иловагӣ ниёз доранд.

"Барои медали оилаҳои серфарзанд 200 ҳазор рубл, барои ордени Шуҳрати падару модар 500 ҳазор рубл, барои Қаҳрамонмодар 1 миллион рубл пардохти яквақта муқаррар карда шавад", - гуфт Путин.

Президент инчунин тавзеҳ дод, мақомоти Русия розӣ шудаанд, ки муқаррароти фармон "Дар бораи чораҳои дастгирии иҷтимоии оилаҳои серфарзанд"-ро ба таври ҷиддӣ навсозӣ ва густариш диҳанд.

Кӣ ба унвони Қаҳрамонмодар мушарраф мешавад?

Унвони Қаҳрамонмодар ва ордени Қаҳрамонмодар бо фармони Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС аз 8 июли соли 1944 таъсис дода шудаанд. Мувофиқи қонун ба модаре, ки даҳ фарзанд таваллуд карда, ба воя расондааст, дараҷаи олӣ дода мешавад.

Додани унвони Қаҳрамонмодар замоне сурат мегирифт, ки фарзанди охирин ба синни яксолагӣ мерасид ва агар дигар фарзандони ин модар зинда мебуданд. Хангоми додани унвон инчунин кӯдаконеро, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба фарзандӣ қабул карда шуда буданд, ба назар гирифта мешуданд.

Маълум аст, ки дар тӯли 40 соли тасвиби унвони Қаҳрамонмодар беш аз 750 ҳазор падару модар бо ин унвон сарфароз шуданд. Соли 1991 унвони фахрии Қаҳрамонмодар дигар дода нашуд.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.