расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Фавти 55 нафару барканории 12 мансабдор дар Суғд: омор

Асосӣ / Сиёсат / Ҷомеа / Ҳаводис

Фавти 55 нафару барканории 12 мансабдор дар Суғд: омор

Дар вилояти Суғд дар давоми шаш сол дар сохтмонҳо 55 нафар фавтидаву 12 мансабдор аз вазифа сабукдӯш шудааст.

Дар ин бора Шарифулло Абдуллозода, раиси Иттифоқҳои касаба дар вилояти Суғд дар як ҷаласа гузориш дод.

"Ҳодисаҳои нохуш асосан дар соҳаи сохтмон, саноат, комплекси агросаноатӣ ва нақлиёт ба қайд гирифта шудаанд", – изҳор намуд, раиси Иттифоқҳои касаба.

Абдуллозода гуфт, дар ин давра нозирони меҳнат 72 дастгоҳ ва 24 участкаи истеҳсолиро ошкор намудаанд, ки истифодаи онҳо барои саломатӣ таҳдидкунанда арзёбӣ гардида, бо сабаби хилофи талаботи меъёрӣ будан фаъолияти онҳо боздошта шуд.

Раиси Иттифоқҳои касаба афзуд, дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба 42 мансабдор бинобар зоҳир намудани муносибати хунукназарона ба корфармоён чораҳои интизомӣ андешида шуда, 12 нафар тибқи талаботи нозироти меҳнат муҷозот ва аз мансаб озод гаштаанд.

Масъулони ҳифзи ҳуқуқи коргарон гуфтанд, ки давоми шаш солу се моҳ дар 4148 корхонаҳои Суғд таҳлилу санҷиш гузаронида, 11 518 мавриди қонуншикании марбут ба муносибатҳои меҳнатиро ошкор кардаанд.

Барои бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта 600 амрнома ба унвонии корфармоён ирсол гардида, иҷроиши онро нозирони меҳнат зери назорат гирифтаанд.

Дар ин муддат 26 коргароне, ки беасос аз кор хориҷ шуда буданд, дубора ба ҷойи кори худ барқарор гардидаанд.

Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.