расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Медали тиллои Навбаҳоров дар мусобиқаи бонуфузи самбо дар ИМА

Асосӣ / Ҷомеа / Варзиш

Медали тиллои Навбаҳоров дар мусобиқаи бонуфузи самбо дар ИМА

Варзишгари тоҷик Разавӣ Навбаҳоров дар қаҳрамонии миллии ИМА оид ба самбо медали тилло гирифт. Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи самбои ҷумҳурӣ хабар додааст.

Варзишгар дар вазни 79 кило баромад кард. Рақибони ӯ дар Ҷоми кушоди ИМА самбистҳои пурқувват аз тамоми ҷаҳон гардиданд.

Акнун Навбаҳоров дар соли 2022 ба мусобиқоти дигари муҳим омодагӣ мегирад. Ҳамин тавр, варзишкори тоҷик дар моҳи август бояд дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Бишкек баромад кунад ва ҳамчунин дар қаҳрамонии самбои Осиё, ки авоили моҳи июн дар Лубнон баргузор мешавад, худро нишон диҳад.

Қобили зикр аст, ки варзишгар аз соли 2021 ба комёбиҳои назаррас ноил шудааст. Пас аз машқҳои бошиддат ӯ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бештар ғолиб шуд.

Тилло дар USA Sambo National Championship - аввалин медали имсолаи Навбаҳоров нест.

Ӯ моҳи феврал дар Ҷоми Аврупо оид ба самбо дар Минск ширкат карда, медали биринҷӣ гирифт.

Якҷоя бо ӯ 150 варзишгар аз Арманистон, Белорус, Булғористон, Гурҷистон, Исроил, Қазоқистон, Молдова, Русия, Туркманистон ва Юнон барои медалҳо мубориза бурданд.

Ғайр аз ӯ,кишварро дар ин мусобиқот боз 5 размикор намояндагй карда буданд, вале танҳо ба Навбаҳоров муяссар гардид, ки ба гирифтани медал ноил гардад.

Ҷоми Аврупо нахустин мусобиқаи байналмилалӣ барои самбистони тоҷик дар мавсими соли 2022 гардид.


Бояд гуфт, ки ҷои аввал насиби варзишгарони Русия, ҷои дуюм намояндагони Гурҷистон ва ҷои сеюм насиби дастаи Белорус гардид.

Навбаҳоров 21 сол дорад, солҳои охир дар чанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо ва ҳунарҳои размӣ ширкат карда, дар мусобиқоти наврасону ҷавонон ва калонсолон ғолиб омадааст.

Ҳамин тариқ, дар мусобиқоти байналмилалӣ дар Олмон соҳиби медали тилло, дар чемпионати Осиё оид ба самбо дар Муғулистон соҳиби медали нуқра гардид.

Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.