расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Фирӯз Саидиброҳимов, яке аз лидерҳои маҳаллаи Гулакени Хоруғ худро ба милиса таслим кард

Асосӣ / Сиёсат / Ҷомеа / Ҳаводис

Фирӯз Саидиброҳимов, яке аз лидерҳои маҳаллаи Гулакени Хоруғ худро ба милиса таслим кард

Бино бар иттилои Раёсати ВКД дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Фирӯз Саидиброҳимов, яке аз лидерҳои маҳаллаи Сайфулло Абдуллоев (собиқ Гулакен)-и шаҳри Хоруғ, ки барои авбошӣ таҳти ҷустуҷӯ қарор дошт, рӯзи 18 апрел ихтиёран ба РВКД Бадахшон ҳозир гардидааст.

Тибқи иттилои манбаъ, Саидиброҳимов дар натиҷаи “корбарии мутақобилан судманди роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилоят бо наздикону пайвандони ҷустуҷӯшаванда” дар пайи мулоқоти сардори милитсияи вилоят генерал Шариф Назарзода бо сокинони Гулакен худро ба мақомот супурдааст.

“Дар вохӯрии навбатие, ки дар маҳаллаи Сайфулло Абдуллоев (собиқ Гулакен)-и шаҳри Хоруғ баргузор гардида буд, масъалаи мусоидат намудани аҳли ҷамоатчигӣ, фаъолони маҳал ва наздикону пайвандони ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта ҷиҳати бо ихтиёри худ ҳозир шудани ҷустуҷӯшавандагон ба мақомоти милитсия баррасӣ гардид. Тавре таъкид гардид, ин иқдом ҳангоми таъиноти ҷазо ҳамчун ҳолати сабуккунанда ба назар гирифта мешавад”, иттилоъ додааст манбаъ.

Гуфта мешавад, Саидиброҳимов Фирӯз Фарҳодович, санаи таваллудаш 26.03.1991, сокини шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ш.Шоҳтемур, аз санаи 01.10.2021 барои содир намудани ҷинояти авбошӣ аз рӯи моддаи 237-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт.

Парвандаи Фирӯз Саидиброҳимов марбут ба занозании гуруҳиест, ки 19 сентябри соли 2020 дар варзишгоҳи Гулакен баъди як бозии футбол байни ҷавонони Гулакен ва маҳаллаи Бархоруғ рӯй дода буд. Манбаъ қайд кардааст, ки акнун тафтиши парвандаи ҷиноятии нисбати Саидиброҳимов Фирӯз аз нав ҷоннок карда шудааст.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.