расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Кордзанӣ дар маҳаллаи Зарафшон

Асосӣ / Ҳаводис

Кордзанӣ дар маҳаллаи Зарафшон


Шахсе, ки аз ӯҳдаи идора кардани қаҳру ғазаби худ набармада, мисли даррандагон бо сар задани каме нофаҳмӣ ба ғӯрридан даромада, ба рақибаш ҳамла мекунад, натанҳо ба сари дигарон, балки ба сари худ низ балову мусибатҳои зиёдеро меорад. Ҳодисае, ки рӯзи гузашта дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт сар зад, далели равшани ин гуфтаҳост…  

Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани як ҳодисаи хунин дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе хабар додааст. Тавре, ки манбаъ мегӯяд, санаи 23-январ, тахминан соатҳои 10.30 –и рӯз як ҷавони 23-солаи сокини пойтахт дар назди бинои истиқоматиашон воқеъ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 32-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ҷангу ҷанҷол намуда, дар рафти ин муноқиша рақибашро корд задааст.

Ҷабрдида бо ҷароҳати ҷисмонӣ ба бемористон интиқол дода шуд, ҷавони кордкашро бошад, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дасгир намуда, ба дастонаш завлона заданд. Дар сурати исбот шудани гуноҳаш ин ҷавони беандеша чанд соли умри азизашро дар пушти панҷараи зиндон сипарӣ хоҳад кард.

Сарчашма: ​oila.tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.