расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҲАЛОКАТИ СОКИНИ ЁВОН ДАР ЯК САДАМА ДАР САРИҚАМИШ

Асосӣ / Ҳаводис

ҲАЛОКАТИ СОКИНИ ЁВОН ДАР ЯК САДАМА ДАР САРИҚАМИШ


Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон  хабар дод, ки тахминан соати як шаби 18-уми январи соли 2022  ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Раҷабов Исо Усмонович, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Ваҳдат — Ёвон — А.Ҷомӣ», дар ҳудуди деҳаи Сариқамиши ноҳияи Ёвон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба бетонҳои канори рости роҳ бархӯрдааст.

Дар натиҷаи садама, ронанда Исо Раҷабов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Дар рӯзҳои охир ин алакай сеюмин мавриди гузоришшудаи  садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон аст.  Рӯзҳои 15 ва 17 январ дар ду садама дар Исфара як мусофир ва як пиёдагард ба ҳалокат расида, як ронанда ҷароҳат бардошта буд.

Дар умум ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои ҷумҳурӣ садҳо нафар ҳалок ё маҷруҳ мешаванд. Аз ҷумла соли 2020 бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон 375 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 нафар маъюб шудаанд. Бино ба охирин омори расмӣ, дар 9 моҳи аввали соли 2021 дар 787 садама дар роҳҳои Тоҷикистон 290 нафар ҳалок ва 869 нафар маҷруҳ шудаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.