расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Вазир: даромади аҳолӣ 2 баробар зиёду миёнаҳолҳо бештар мешаванд

Асосӣ / Иқтисодиёт

Вазир: даромади аҳолӣ 2 баробар зиёду миёнаҳолҳо бештар мешаванд


Вазири рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон ҳадафҳоеро, ки барои панҷ соли оянда гузошта шудаанд, баррасӣ кард

Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мегӯяд, дар панҷ соли оянда бояд даромади пулии аҳолӣ ду баробар зиёд карда шавад.

Тибқи иттилои Вазорати рушди иқстиоди савдо, Завқизода зимни ҷаласа бо иштироки масъулини соҳа, зикр намуд, ки бояд теъдоди миёнаҳолҳо дар кишвар зиёду шумораи камбизоатон кам шавад.

Вазир дастури президент, Эмомалӣ Раҳмонро зикр намуд, ки дар панҷсолаи оянда ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45% расонда шавад. Дар зимн таъкид гардидааст, ки сатҳи камбизоатӣ дар кишвар то 15 дарсад кам гардад.

Завқизода хотиррасон намудааст, ки солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардида, муҳим хондааст, ки дар ин давра рушди иқтисодӣ бояд на кам аз 7 фоиз таъмин гардад. Ӯ ҳамчунин дастури раисҷумҳур барои муҳайё кардани беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави кориро дар кишвар зикр намудаст.

Дар феҳрасти чораҳое, ки бояд амалӣ гарданд, пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ ном бурда шудаанд.

Дар ҷаласа муҳим дониста шудаст, ки рақобатпазирии истеҳсолоти ватанӣ баланд бардошта шаваду ҷалби сармоя афзоиш ёбад.

Сарчашма: Sputnik Tajikistan

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.