расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Исмоили Маҳмадзоир хайрхоҳи сол эълон шуд

Асосӣ / Ҷомеа

Исмоили Маҳмадзоир хайрхоҳи сол эълон шуд


Бар асоси назарсанҷие, ки ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар арафаи анҷоми соли 2021 баргузор кард, дар номинатсияи «Саховатпешаи сол» набераи президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аввалӣ шуд.

Манбаъ меафзояд, дар ин радабандӣ чеҳраҳое интихоб гардида буданд, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон шиносанд ва ҳамчун саховатманд ном бароварда буданд.

Ҳамин тариқ, Исмоили Муҳаммадзоир, набераи Эмомалӣ Раҳмон бо касби 23 416 овоз хайрхоҳи сол эълон шуд.

Номи Исмоил замоне расонаӣ шуд, ки ӯ ба зарардидагони офати табиӣ дар Тоҷикистон корвони мошинҳо бо кумакҳо ирсол мекард. Аз ҷумла аз имдодрасонии ӯ ба хонаводаҳои камбизоат дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ёдоварӣ шуд.

Илова бар ин, Исимоили Муҳаммадзоир ба 500 оилаи ниёзманд дар ВМКБ низ кумаки яквақтаи ғизоӣ ирсол карда буд. Хонаводаҳои ниёзманди ин вилоят кумакҳоро дар арафаи Иди сади Фитр дастрас карда буданд.

Исмоили Маҳмадзоҳир, фарзанди духтари калонии президент, Фирӯза Раҳмонова ва Маҳмадзоҳир Соибов мебошад, ки 21 сол дошта, соли гузашта аз хайрҳои кардааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин гузориш нашр шуданд.

Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар замони пандемия ба беш аз 2 ҳазор оила маводи ғизоӣ кумак кардааст.

Сарчашма: Sputnik Tajikistan

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.