расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Бадахлоқро барои рафтори номуносибаш ҷазо доданд

Асосӣ / Ҷомеа

Бадахлоқро барои рафтори номуносибаш ҷазо доданд


Баъди муроҷиати як нафар ҷавонзан кормандони милитсияи пойтахт мардеро дастгир намуданд, ки барои таҳқиру дашноми ӯ айбдор дониста мешавад.

Бино бар иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, ҷавонзан бо ирсоли наворе аз мақомоти милитсия талаб намудааст, ки нисбат ба ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Кемрӣ» рақамҳои қайди давлатиаш 0202 US 01 чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Ба иттилои муроҷиаткунанда ронандаи автомашинаи мазкур нисбати ӯ дағалона рафтор намуда, бо суханони қабеҳ шаъну шарафашро паст задааст.

Дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки ронандаи авомашинаи болозикр шаҳрванд Назаров Исмоил Шамсулоевич, санаи таваллудаш 07.01.1988, сокини ш. Душанбе мебошад. «Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки номбурда дар ҳақиқат санаи 21-уми ноябр ҳангоми дар кӯчаи А.Дониши ноҳияи Шоҳмансур қарор доштан нисбати ҷавондухтари муроҷиаткунанда дағалона рафтор кардааст», — иттилоъ медиҳад манбаъ.

Нисбат ба Назаров Исмоил тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, Суд ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 420 сомонӣ таъин намуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.