расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ВАҲДАТ: ЯРЧ ЧОЙХОНАРО ВАЙРОН КАРД

Асосӣ / Ҳаводис

ВАҲДАТ: ЯРЧ ЧОЙХОНАРО ВАЙРОН КАРД


Ярч ду иншооти ёрирасонро, ки дар деҳаи Тундараи ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдат ҷойгир буданд, хароб ва валангор намудааст. Ҳаҷми он ба 1400 метри мурабаъ баробар мебошад. 

Тавре кумитаи ҳолатҳои фавқуллода хабар додааст, ярч бо сабаби рониши замин ва аз меъёр зиёд обёрӣ кардани боғи себ, ки дар болои хонаҳои истиқоматӣ, дар теппа ҷойгир аст, фаромадааст. 

Дар натиҷаи ҷамъ шудани оби зиёд ва қабат ба қабати хоки теппаро фаро гирифтани он лағжиши замин ба вуқӯъ омада, хок ва лойобаи аз теппа фаромада ба хоҷагии халқ хисороту зарари зиёде расонидааст. Ярч ду иншооти ёрирасон ва чойхонаи маҳаллиро хароб намуд. Хушахтона, бар асари ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Сарчашма: oila.tj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.