расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Халалдорсозии оромии шаҳрвандон: боздошти ронанда ва мусодираи 7-адад «калонка»

Асосӣ / Ҷомеа

Халалдорсозии оромии шаҳрвандон: боздошти ронанда ва мусодираи 7-адад «калонка»


Мақомоти милитсияи пойтахт ҷиҳати таъмини назму тартибот дар ҷодаву роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе ҷиҳати риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар баробари гузаронидани рейду амалиётҳои санҷишӣ, ҳамзамон арзу муроҷиатҳои шаҳрвандонро низ мавриди баррасӣ қарор дода, ронандагони қонуншиканро ба ҷавобгарӣ ҷалб менамояд.

  Аз ҷумла як гурӯҳ сокинони пойтахт ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар он хусус муроҷиат намудаанд, ки нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи «Лада Приора» рақами қайди давлатиаш 0005LA 01 чораҳои қонунӣ андешида шавад. Ба иттилои муроҷиаткунандагон ронандаи мазкур дар қисмати шабона бо садои баланду гушхароши мусиқӣ автомашинаи худро дар кӯчаҳои марказии пойтахт идора менамудааст, ки садои гушхароши он ҳатто аз дури сад метр шудида шуда, оромии шаҳрвандонро халалдор месозад.

 Дар натиҷаи санҷишу баррасии ин муроҷиат автомашинаи мазкур боздошт ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуда, мауайян гардид, ки ронандаи автомашина шаҳрванд Бобоев Абдулло Боймаҳмадович соли таваллудаш 1998 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кучаи А. Ҷомӣ мебошад.

  Зимни муоинаи техникӣ ошкор карда шуд, ки номбурда дар автомашинаи худ ба таври худсохт 7-адад дастгоҳи садодиҳандаи мусиқӣ (калонка)-ро насб намуда, бо гузоштани мусиқии баланду гушхарош дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба гаштугузор машғул шудааст.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур айшёҳои ҳуқуқвайронкунанда, 7-адад дастгоҳи садодиҳанда ҳамчун далели шайъӣ мусодира карда шуда, нисбати шаҳрванд Бобоев Абдулло Боймаҳмадович протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб ва ҷаримабандӣ карда шуд.

Сарчашма: ​dushanbepolice.tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.