расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Марги Муҳаммадсаиди 21- соларо баъди Ҷарроҳии дандон

Асосӣ / Ҷомеа

Марги Муҳаммадсаиди 21- соларо баъди Ҷарроҳии дандон


Дар шаҳри Душанбе шоми 18 август маросими видоъ бо ҷавони 21-солае баргузор шуд, ки як рӯз баъди ҷарроҳии дандон даргузаштааст. Ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳоро баланд гашта,  хизматрасониҳои дандонпизишкӣ кишвар зери интиқод қарор гирифт.

Муҳаммадсаиди Азизуллоҳи 21-сола як рӯз баъди «ҷарроҳии номуваффақ» — и духтурони дандон даргузаштааст, хабар дод Саъдӣ Маҳдӣ, мудири Акдемияи ВАО-и Тоҷикистон ва маъмури гуруҳи фейсбукии «Ормонҳои миллӣ».

Ба навиштаи Саъдӣ Маҳдӣ, Муҳаммадсаиди ҷавонмарг рӯзи 17 август дар дармонгоҳи стоматологии маҳаллаи 1-ум Советский ҷарроҳӣ шуда, 18 август дунёро падруд гуфт. Иллати расмии марги ҷавон гуфта нашудааст ва шарҳи дармонгоҳи стоматологӣ низ феълан дастрас нест.
Манбаъ меафзояд, ки ҳанӯз як нагузаштааст, ки Эшони Азизуллоҳ, падари Муҳаммадсаид дунёро падруд гуфта буд .

Дар Тоҷикистон қаблан низ аз камбудиҳои хизматрасонии дандонпизишкӣ, аз ҷумла риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ шикоятҳо садо медоданд, ки бархе аз мизоҷонро дучори бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла зарпарвин мекунанд.

Ин нукта мавриди таваҷҷуҳи мақомоти Тоҷикистон қарор гирифта буд ва дастур дода шуд, ки бидуни маълумотномаҳои дахлдор қабули мизоҷон қатъиян манъ гардад. Мақомот қаблан дар пайи санҷишҳо гузориш дода буданд, ки кори чандин марказҳои дандонпизишкиро ба далели камбудиҳо боз дошта буданд.

Сарчашма: pressa.tj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.