расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Марги дигар: эълони омори гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

Асосӣ / Ҷомеа

Марги дигар: эълони омори гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон


Вазорати тандурустӣ бо нашри омори ҷадиди гирифторӣ ва шифо аз коронавирус изҳор доштааст, ки як марги дигар аз ин беморӣ сабт шудааст

Тайи 24 соати гузашта дар Тоҷикистон 72 ҳолати гирифторӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст, омадааст дар омори расмӣ, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ нашр намудааст.

Вазорат мегӯяд, теъдоди шифоёфтагон аз гирифторшудаҳо тайи шабонарӯзи гузашта бештар буда, 83 нафар сиҳат шуданд.
Манбаъ афзуд, тайи шабонарӯзи гузашта як ҳолати фавт аз коронавирус сабт шуда, шумораи фавтидагон аз ин беморӣ ҳамоно 123 нафарро ташкил медиҳад.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 10 август дар кишвар 15792 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 15352 нафар (97,2%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 123 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.

Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 — сола болоро ҷорӣ кард.

Ҳоло дар Тоҷикистон ба мардум се намуд ваксин AstraZeneca, Moderna ва дигаре CoronaVac пешниҳод мешавад.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.