расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Бо фармони президент: омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомот ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ санҷида шуд

Асосӣ / Сиёсат

Бо фармони президент: омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомот ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ санҷида шуд


Дар Тоҷикистон, ин субҳ дар саросари кишвар санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз-2021» баргузор гардид.

Ин кор бо фармони президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, ки гуфта мешавад бори аввал дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон сурат мегирад. 

Бино ба иттилои хабаргузории «Ховар» дар ин ҳамоиш 100 ҳазор нафар хидматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин 130 ҳазор афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ, дар маҷмӯъ, 230 ҳазор нафар бо бонги хатар дар маҳалҳои муайяншудаи самтҳои амалиётӣ ҷамъ омада, ҳолати омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.

Ҳамчунин 20 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ иловатан барои пуррагардонии қисмҳои ҳарбии сарҳадбон ба минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фиристода шуданд.

Ин ҳамоиш дар як вақту соат дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишвар сурат гирифт. 

Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияш таъкид кард, ки ин чорабинӣ дар сатҳи баланд гузашт.

Сарчашма: asiaplustj.info

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.