расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Рӯҳонии тоҷик ва ду ҳамроҳашро аз боздошт раҳо кардаанд

Асосӣ / Сиёсат

Рӯҳонии тоҷик ва ду ҳамроҳашро аз боздошт раҳо кардаанд


Абдулҳақ Обидов (Махсуми Абдулҳақ), сархатиби пешини масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Шоҳмансур пас аз се моҳи боздошт, раҳо шудааст. Азиз Турков ва Аҳмадхоҷа Табаров, ду нафаре, ки ҳамроҳи ӯ боздошт шуда буданд, феълан дар озодӣ қарор доранд.

Як манбаъ аз мақомоти умури дохилии шаҳри Ваҳдат рӯзи 21-уми июн ба Радиои Озодӣ раҳоии Абдулҳақ Обидов ва ҳамроҳонашро тасдиқ кард. «Махсуми Абдулҳақ дигар имомхатиби масҷид нест, вале раҳо шудааст», — гуфт ин манбаъ, ки нахост аз он ном бурда шавад, чун салоҳияти додани маълумотро ба расонаҳо надоштааст.

Дар моҳи апрел ҳамроҳ бо Абдулҳақ Обидов чаҳор сокини шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ, Абузар Шухиев, Абдулло Маҳмадуллоев, Азиз Турков ва Аҳмадхоҷа Табаров боздошт шуда буданд ва ба гуфтаи пайвандонашон, бо Абдулҳақ риштаи хешутаборӣ доштаанд.

Хабаргузории расмии «Ховар» рӯзи 21-уми апрел бо такя ба дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон навишта буд, ки Абдулҳақ Обидов ба узвият дар ҳаракати мамнӯи «Салафия» муттаҳам мешавад.

Аммо дустонаш гуфтанд, боздошти ӯ пас аз суханронияш дар бораи пешвоҳои динӣ дар маросими видоъ ва дафни Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ сурат гирифт.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 21-уми апрел сомонаи «Бомдод» навишта буд, ки Абдулҳақ Обидов барои суханронии баҳсбарангез дар маросими дафни Домулло Ҳикматулло дастгир шудааст. Сархатиби масҷиди ноҳияи Шоҳмансур дар маросими дафни Домулло Ҳикматулло дар рӯзи 13-уми апрел ӯро «яке аз пешвоҳои бузурги мо» ном бурд.

Ҳамсуҳбатони «Бомдод» гуфтаанд, мақомоти амниятӣ дар ин муқоиса гуё ишораҳо ба президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дидаанд, ки соли 2016 бо қабули як қонуни вижа «Пешвои миллат» эълон шуд.

Дар хабарномаи дафтари матбуоти КДАМ, дар ин бора ҳеч ишора нашуда буд.

Масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар як баёния гуфтанд, боздошти имомхатиб ба суханронии ӯ дар маросими ҷанозаи Домулло Ҳикматулло ҳеч рабт надорад. Онҳо аз расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хостаанд, «ба ҳар гуна сару садоҳо, ки суханронии Абдулҳақ Обидов дар маросими ҷанозаро ҳамчун омили боздошт маънидод мекунанд, дода нашаванд».

Абдулҳақ Обидов, зодаи деҳаи Ҷангалаки шаҳри Ваҳдат, соли 1999 Донишкадаи исломии Тоҷикистонро хатм карда, соли 2009 имоми масҷиди панҷвақтаи «Эшони Абдусаттор» дар шаҳри Ваҳдат таъйин шуд. Аз соли 2017 сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ба номи Имоми Аъзам дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе буд.

Сарчашма: ozodi.org

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.