расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Сарнозири шабакаҳои барқи Шоҳмансур мехостааст бо $ 20 ҳазор парвандаи як нафарро дар Оҷонсии зидди фасод қатъ кунад

Асосӣ / Иқтисодиёт

Сарнозири шабакаҳои барқи Шоҳмансур мехостааст бо $ 20 ҳазор парвандаи як нафарро дар Оҷонсии зидди фасод қатъ кунад



Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар қаллобӣ сарнозири Шабакаҳои барқии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Алиакбар Раҷабовро боздошт намуданд.

Тавре маркази матбуоти Агентӣ хабар медиҳад, ӯ ба бовари як шаҳрванде, ки нисбаташ дар Агентии зиддифасод мутобиқи моддаи 319 КҶ ҶТ (Порагирӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, даромада, барои мусоидат ба қатъи парвандаи ӯ 20 ҳазор доллар талаб кардааст.

«Аз маблағҳои талабнамудааш 10 ҳазору 500 доллар ва 2 ҳазору 700 сомониро гирифта, ба манфиати номбурда ягон амалӣ муайянро иҷро накардааст», — омадааст дар маълумоти Агентӣ.

Гуфта мешавад, нисбати А.Раҷабов бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Сарчашма: ​asiaplustj.info​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.