расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » "Гуфтанд, ки дигар занг назан, аз баҳри пул гузар". "Ҳамдастӣ" нест, амонати мардум дар дасти кист?

Асосӣ / Ҷомеа / Иқтисодиёт

"Гуфтанд, ки дигар занг назан, аз баҳри пул гузар". "Ҳамдастӣ" нест, амонати мардум дар дасти кист?


Гуруҳе аз муштариёни бонки муфлисшудаи «Ҳамдастӣ» дар Хуҷанд аз раҳбарияти Бонки миллӣ хостаанд, ки барои бозпас гирифтани садҳо ҳазор сомонии онҳо кумак кунанд. Ин бонк соли 2009 ташкил шуда, соли 2016 муфлис эълон шуд, аммо ҳафт сол боз муштариён амонати худро гирифта наметавонанд. Раиси пешини бонк дар зиндон аст, масъулони дигар дастнорасанд.

«Пулам дар бонк, аз дигарон қарз гирифтам»

Мӯҳсинҷон Маҳмадкаримов, сокини шаҳри Хуҷанд, нақл кард, ки наздик ба 870 ҳазор сомониашро дар бонки «Ҳамдастӣ» амонат гузошта буд ва ба ҷойи фоида солҳо боз ҷабр мебинад.

«Гуфтанд, ки шаҳодатномаро ба Бонки миллӣ супурдаем, дигар занг назан ва аз баҳри пулат гузар. Аз ночорӣ барои оиладоршавии фарзандон қарз гирифтам ва дар сари қаҳр сирко нӯшидам. Чаҳор рӯз дар шуъбаи эҳё ва чаҳордаҳ рӯз дар беморхона хобидам», — гуфт ӯ рӯзи 18-уми май.

Муштариёне ба монанди Мӯҳсинҷон Маҳмадкаримов кам нестанд. Ба сурати умум, беш аз 50 нафар талош доранд, ки амонатҳои худро бозпас бигиранд.

Зӯҳро Қадамова, муштарии дигари бонки «Ҳамдастӣ» мегӯяд, додгоҳ 55 нафарро ҳамчун ҷабрдида эътироф кардааст, вале ҳеч ниҳоде барои бозпас гирифта додани пулҳояшон кумаки ҷиддӣ намекунад. «Ба ҳама ҷой муроҷиат кардем ва агар аризаҳоямонро нишон диҳем, як бойгонии калон мешавад. Моро аз ин идора ба он идора мисли тӯби футбол саргардон карданд. Дар натиҷа ҳеч чиз нест», — шкиоят кард ӯ.

Мудири вижа кист?


Мушкили муштариёнро бояд мудири махсусе ҳал кунад, ки Бонки миллии Тоҷикистон пас аз барҳам додани бонки «Ҳамдастӣ» таъин кардааст. Сокинон мегӯянд, ки то моҳи октябри соли 2020 мудири махсус Гавҳаралӣ Ёров буд ва ваъдаи баргардондани маблағҳоро қисман ҳал намуд.

Иброҳим Файзиев, муштарии пешини бонк, мегӯяд, «375 ҳазор сомониро дар бонк гузошта будам. Аз ҳамин ҳисоб 40 ҳазор сомониашро баргардондаанд ва 335 ҳазор сомонии дигар мондааст. Нони қоқу оби хунук хӯрда, пул ҷамъ карда будам.»

Дертар Искандар Салимовро мудири махсус таъйин кардаанд. Ҳоло номаш дар сомонаи бонк дар ин вазифа навишта шудааст, вале худи ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пас аз шаш моҳ аз кор рафтаву намедонад, ба ҷойи ӯ кӣ омадааст.

Бонки хурди «Ҳамдастӣ» соли 2009 таъсис шуда, вале аз моҳи июли соли 2015 ба далели бӯҳрони молӣ пардохти фоида ва баргардонидани пули муштариёнро қатъ кард. Бонки миллӣ дар аввали соли 2016 «Ҳамдастӣ"-ро бо сабаби «иҷро накардани уҳдадориҳои худ дар назди мизоҷон» барҳам дод. Додгоҳи иқтисодӣ «муфлис» эълон кард.

Мудири собиқи он Сурайё Почоҷоноваро бо гуноҳи аз худ кардани пули муштариёни бонк бо роҳи қаллобӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва суистифода аз ваколат ба 18 сол зиндон маҳкум кардаанд. Вакили мудофеаш ҳукмро ноодилона хонда буд.

Баъзе аз муштариёни собиқ, аз ҷумла Тамара Бойматова, мегӯянд, дар зиндон будани молики пешини бонк ба онҳо ҳеч фоида намеорад, баръакс, мехоҳанд ӯ амонати мардумро баргардонад.

Бонки миллӣ мегӯяд, ҷавобгар нест

Дар ҳамин ҳол, намояндагии Бонки миллӣ дар вилояти Суғд дар номаи расмӣ ба Радиои Озодӣ посух дод, ки «Бонки амонатгузории хурди „Ҳамдастӣ“ 14-уми марти соли 2016 бо ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд муфлис эътироф карда шуда, дар фаъолияти он мурофиаи муфлисшавӣ оғоз гардидааст. Мувофиқи моддаи 4, қонуни ҶТ „Дар бораи фаъолияти бонкӣ“ ташкилоти қарзӣ аз рӯи уҳдадориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки миллӣ аз рӯи уҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ ҷавобгар намебошанд.»

Ҳоло муштариён мехоҳанд, дубора ба Додгоҳи иқтисодӣ шикоят кунанд, ки тақдири пули онҳоро рӯшан кунад. Зимнан, миқдори умумии қарзи бонк аз муштариён то ҳол дар ҳеч куҷо нашр нашудааст.

Дар панҷ соли охир ба ғайр аз бонку созмонҳои молиявии хурд чаҳор бонки калони Тоҷикистон низ ба мушкил дучор шуданд. «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» моҳи марти соли 2017 муфлис эълон шуда, иҷозатномаашон бозхонд шуд. Мақомот гуфтанд, амонати муштариёни «Фононбонк"-ро баргардонданд, вале даҳҳо муштарии «Тоҷпромбонк» наметавонанд, солҳо боз маблағҳои худро бозпас бигиранд.

Сандуқи Байналмилалии Пул борҳо ба Тоҷикистон тавсия додааст, ки «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк», ду бонки дигари дучори буҳронро низ барҳам бидиҳад. Бонки миллии Тоҷикистон дар посух гуфтааст, то замоне ки «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» маблағи амонатгузоронро пардохт накунанд, дар мавриди барҳамдиҳии онҳо тасмим гирифта намешавад.

Сарчашма: ​ozodi.org​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.