расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Фармони Президент дар бораи тағйироти кадрӣ: 4 нафар бо хоҳиши худ истеъфо доданд

Асосӣ / Сиёсат

Фармони Президент дар бораи тағйироти кадрӣ: 4 нафар бо хоҳиши худ истеъфо доданд


Бо фармони кишвардори Тоҷикистон раисони суди шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Деваштич аз вазифа барканор шуданд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо судури фармоне, рӯзи 18 май раисони суди шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Деваштичро аз вазифа барканор кард.

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Шарифзода Мавҷуда Рауфӣ раиси суди шаҳри Хуҷанд ва Мирбобозода Ҳабибулло Муҳамадаюбӣ раиси суди ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бинобар расидан ба синни ниҳоии кор дар вазифаи судя барканор шуданд.

Синни ниҳоии кор дар вазифаи судя дар Тоҷикистон барои мардон 63 ва барои занон 58 сол муайян шудааст.

Бар асоси матни фармони раисиҷумҳур, ки котибот нашр кардааст, 4 судяи дигар бо хоҳиши худ ба истеъфо рафтанд.

Аз ҷумла Давлатзода Искандар Саъдулло судяи суди вилояти Хатлон, Расулзода Муҳаммад Аслидин судяи суди вилояти Хатлон, Ализода Эраҷ Асатулло судяи суди шаҳри Хуҷанд ва Аминзода Фирӯза Баҳромӣ судяи суди шаҳри Хуҷанд бо хоҳиши худ аз кор озод гардиданд.

Моҳи гузашта низ бо фармони Эмомалӣ Раҳмон се додрас, Аҳтам Раҷабалӣ судяи суди шаҳри Душанбе, додраси ноҳияи Дӯстӣ, Латофат Ҷаъфарзода ва судяи суди иқтисодии ВМКБ, Нозигул Мастоншо аз вазифа сабукдӯш шуда буданд.

Сарчашма: Sputnik Tajikistan

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.