расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Парвандаи корманди фурудгоҳи Душанбе, ки худкушӣ кард, ба баррасии суд пешниҳод шуд

Асосӣ / Ҳаводис

Парвандаи корманди фурудгоҳи Душанбе, ки худкушӣ кард, ба баррасии суд пешниҳод шуд

Дар ин парванда ӯ ва 3 тан аз ҳаммаслаконаш ба “қаллобӣ” муттаҳам карда мешаванд.

Шерафган Хоҷақулов
Сурат: Радиои Озодӣ
Тафтиши парвандаи Шерафган Хоҷақулови 38-сола, корманди хадамоти амнияти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) ба итмом расида, ҷиҳати баррасӣ ба суд пешниҳод шуд.
Аслиддин Меликов, муовини директори генералии ФБД дар вохӯрӣ бо рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намуд, ки тафтиши ин парванда дар Прокуратураи нақлиёти ҷумҳурӣ гузаронида шуда, ба баррасии суди ноҳияи Шоҳмансур фиристода шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, Шерафган ва ду тан аз ҳаммаслакони ӯ ба “қаллобӣ” айбдор карда мешаванд.
“Ин се нафар барои харидани билетҳои ҳавопаймоӣ аз Душанбе ба Русия аз шаҳрвандон 109 ҳазор сомонӣ гирифтаанд, лекин ба ивази он ба шаҳрвандон билет надодаанд, - гуфт Меликов. - Яке аз ҳаммаслакони Шерафган - Ҷамшед Саломов айни замон дар ҳабс буда, сеюмаш гурехтагӣ аст”.
Ба гуфтаи ӯ, онҳо бисёр шаҳрвандонро фиреб карда, пас аз воқеъаи рухдода аксарият аз арзу шикоятҳои худ даст кашидаанд.

Ҳамчунин ӯ фарзияи ба худкушӣ даст задани Шерафганро бо сабаби пардохт нашудани музди меҳнаташ рад кард.
“Дар давраи пандемия ба ӯ ҳамагӣ 4 ҳазор сомонӣ пул пардохт шуд, - қайд кард номбурда. - Ҳамаи ҳуҷҷатҳо дар ин хусус ба ихтиёри прокуратура дода шуданд”.
Ёдрас мекунем, ки корманди хадамоти амнияти ФБД нимаи дуюми рӯзи 26 октябр бо истифода аз силоҳи хизматии худ даст ба худкушӣ зад. Он замон пайвандонаш изҳор дошта буданд, ки ӯ ба аломати эътироз ҷиҳати пардохт нашудани маош дар зарфи 9 моҳ худкушӣ кардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.