расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Машқҳои ҳарбии муштараки Озарбойҷону Қазоқистон, Қирғизистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

Варзиш / Ҷаҳон

Машқҳои ҳарбии муштараки Озарбойҷону Қазоқистон, Қирғизистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

Қувваҳои мусаллаҳи Озарбойҷону Қазоқистон, Қирғизистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон моҳи июли соли 2024 таҳти унвони “Мо муттаҳидем - 2024” машқи муштарак мегузаронанд. Дар ин бора Armiya.az бо истинод ба Вазорати мудофиаи Озарбойҷон хабар медиҳад.
Мувофиқи нақшаи муштараки имзошуда байни Вазорати мудофиаи Озарбойҷону Қазоқистон, Қирғизистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, дар шаҳри Актауи Қазоқистон оид ба тарҳрезии машқҳои фавриву тактикӣ ва фармондеҳиву ситодь конфронси "Бирлестик-2024" доир гардид.
Ба иттилои Вазорати мудофиаи Озарбойҷон, дар кори конфронс як қатор масоили марбут ба омодагӣ ба машқҳо ва вазифаҳои гузошташуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сурат аз report.az
Дар машқҳое, ки моҳи июли соли ҷорӣ дар машқгоҳи таълимии "Оймаша" ва инчунин дар мавзеи Токмаки акваторияи баҳри Хазар баргузор мешаванд, чорабиниҳои "Амалисозии вазифаҳои таълимии ҷангӣ оид ба ошкор кардани макони низоъҳои мусаллаҳона" иҷро карда мешаванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.