расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Даври финалии мусобиқаи Ҷоми ФФТ 11 феврал оғоз мегардад

. / Варзиш

Даври финалии мусобиқаи Ҷоми ФФТ 11 феврал оғоз мегардад

Бозиҳо дар варзишгоҳҳои Душанбе ва Ҳисор баргузор мешаванд.

Сурат: ФФТ
Рӯзи панҷшанбе, 11 феврал даври финалии ҷашнии 10-уми мусобиқаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2021 оғоз мегардад. Бозиҳо дар Варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор баргузор мешаванд.
Ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, пеш аз оғози ин давр рӯзи 8 феврал маросими қуръакашӣ барои тартиб додани тақвими бозиҳо доир гардид. Дар марҳилаи финалии мусобиқа, ки аз 11 то 20 феврал баргузор мешавад, 7 даста - беҳтарин дастаҳои мусобиқаҳои минтақавӣ иштирок мекунанд.

Дар гурӯҳи «А» КМВА (Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Мастчоҳ» (Мастчоҳ) ва «Истиқлол» (Душанбе) ва дар гурӯҳи «Б» «Барқчӣ» (Ҳисор), «Хатлон» (Бохтар) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) бо ҳам рақобат мекунанд.
Мувофиқи регламенти мусобиқаи Ҷоми ФФТ-2021, аз рӯйи натиҷаи бозиҳо аз ҳар гурӯҳ ду даста ба даври 1/2 финалӣ роҳхат мегиранд. Баргузории бозии финалӣ Ҷоми ФФТ рӯзи 20 феврал ба нақша гирифта шудааст.
Дар даври аввали марҳилаи финалии мусобиқа рӯзи панҷшанбе, 11 феврал бозиҳои зерин баргузор мешаванд: КМВА – «Истиқлол», «Равшан» – «Мастчоҳ» ва «Барқчӣ» – «Хатлон».

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.