расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Мусобиқаи Ҷоми КФО-2020 ба гумони ғолиб, баргузор намешавад

. / Варзиш

Мусобиқаи Ҷоми КФО-2020 ба гумони ғолиб, баргузор намешавад

Дар Минтақаи Марказӣ бо ишӣтироки ду дастаи Тоҷикистон танҳо як бозӣ баргузор шуд.


Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) Ассотсиатсияҳои миллии футболро, ки датстаҳояшон дар мусобиқаи Ҷоми КФО-2020 иштирок мекунанд, дар бораи эҳтимоли бекор шудани мусобиқаи имсолаи Ҷоми КФО бар асари пандемияи сартосарии COVID-19 огоҳ кард.
Дар мактуби расмии КФО гуфта мешавад, пас аз эълони ба дигар вақт гузаронидани мусобиқа дар моҳи март ва апрели соли равон КФО ният дошт, ки баъди гуфтушунид бо Ассосиатсияҳои миллии футбол ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ба таври ниҳоӣ шакл ва санаҳои нави баргузории мусобиқаро мувофиқа созад.
Лекин ҳеҷ яке аз кишварҳои Осиё ба қабули баргузории мусобиқаи мутамарказ дар гурӯҳҳои «F», «G» ва «H» (АСЕАН) таваҷҷуҳ зоҳир накард. Ҳамчунин КФО кишварҳои мизбони баргузории мусобиқаи мутамарказро дар гурӯҳи «D» (Минтақаи Марказӣ) ва «E» (Минтақаи Шарқӣ) муайян карда натавониста, Баҳрайн (гурӯҳи “А”) дархост намуд, ки мусобиқа ба соли 2021 гузаронида шавад.

Бо назардошти мушкилоти мавҷуда, КФО ҷиҳати баррасии масъала ва қабули қарор ба кумитаҳои марбутаи худ муроҷиат намуда, натиҷаҳои музокирот ва қабули қарор ба ассотсиатсияҳо баъдтар хабар дода мешавад.
Ёдрас мекунем, ки дар Минтақаи Марказии мусобиқаи Ҷоми КФО-2020 моҳи марти соли равон бо иштироки ду дастаи Тоҷикистон як бозӣ баргузор шуд. “Истиқлол” дар майдони худ бо ҳисоби 2:0 бар дастаи “Хуҷанд” дастболо шуд. Мусобиқаи мутамарказ бо иштироки дастаҳои Тоҷикистон, инчунин тимҳои қаҳрамони Қирғизистон (“Дордой”) ва Туркманистон (“Олтин Асир”) дар доираи мусобиқаи Ҷоми КФО-2020 бояд аз 20 октябр то 4 ноябр доир мегардид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.