расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Марз баста, ё кушода? Гузориш аз гузаргоҳҳои сарҳадии Тоҷикистону Узбекистон.

. / Сиёсат

Марз баста, ё кушода? Гузориш аз гузаргоҳҳои сарҳадии Тоҷикистону Узбекистон.


Эълони кушода шудани марзҳои Узбекистон, рӯзи 1-уми октябр, даҳҳо нафарро дар сарҳади Тоҷикистону Узбекистон низ ҷамъ овард. 
Бархе аз онҳо мехостанд, ки худро ба Узбекистон расонанд ва аз онҷо ба Қазоқистону Русия раванд. Иддае дигар барои рафтан ба назди пайвандонашон дар Тошканду Самарқанд шитоб доштанд. Аммо корафтодаҳо гуфтанд, ки рафтуо байни Тоҷикистону Узбекистон пурра озод набуда, доираи маҳдудро дар бар мегирад.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ барои фаҳмидани вазъ рӯзи 1-уми октябр ба гузаргоҳҳои “Пахтаобод” ва “Фотеҳобод” дар марзи Тоҷикистону Узбекистон рафтанд.
Гузаргоҳи марзии “Пахтаобод” дар наздикии шаҳри Турсунзода аз субҳи 1-уми октябр серодам буд. Меъроҷиддин Камолов, сокини шаҳри Душанбе, гуфт, чиҳил рӯз пеш модараш дар Узбекистон фавтид ва азбаски ба далели баста будани марз дар маросими ҷаноза ширкат карда натавонист, хост, дар маъракаи “чиҳил” озими Узбекистон шавад.
"Дар ин ҷо мегӯянд, ки гузаштан мумкин нест. Аз телефону Интеренет фаҳмидем, ки сарҳад кушода мешавад, бовар кардем. Ба ин ҷо омадем, ки сарҳад бастааст", -- нақл кард ӯ.
Сарҳадбонҳои Тоҷикистон ба талабгорони сафар ба Узбекистон гуфтаанд, феълан марз аз ҷониби Узбекистон кушода шудааст ва танҳо он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо шаҳрвандони кишвари ҳамсоя санади ақди никоҳ доранд, иҷозаи рафтан доранду бас.
Ба гуфтаи онҳо, вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон ба ватан бидуни маҳдудият аст. Мошинҳои борбари Русия, ки ронандагонашон сокинони Тоҷикистон ҳастанд, низ бемамониат аз марз гузашта, вориди кишвар мешуданд.
Қаблан мақомоти Узбекистон гуфта буданд, ки аз 1-уми октябри имсол марзҳои кишварро пурра кушода, ба ҳаракати мошину қатор ва ҳавопаймоҳо иҷозат медиҳанд. Дар ин бора рӯзи 17-уми сентябр қарори вижаи Комиссияи ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар Узбекистон содир шуда буд.
Як шарти гузаштан аз марзи Узбекистон доштани маълумотнома дар бораи ташхиси бемории коронавируси нав буд. Дилафрӯз Боймуродова, сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, гуфт: “Мо ин маълумотномаро гирифтем, вале дар гузаргоҳи “Пахтаобод” иҷозаи гузаштан намедиҳанд. Агар дар муддати се рӯз аз сарҳад нагузарем, пули харҷкардаамон месӯзад.”
Рӯзи 1-уми октябр дар гузаргоҳи марзии Фотеҳобод, дар шимоли Тоҷикистон, ҳам даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистону Узбекистон ва ҳатто Русия бо нияти баргаштан ба Узбекистон ҷамъ омада буданд, вале сарҳадбонон дар онҷо гуфтаанд, “ҳоло иҷозаи вуруду убури одамонро нагирифтанд”.
Дар баробари алоқамандони сафар ба Узбекистон шумори онҳое, ки мехостанд тавассути қаламрави кишвари ҳамсоя худро то ба Русия расонанд, низ кам набуд.
Назирамоҳ Орзуева шаҳрвандии Русияро дорад ва ҳамроҳи ду фарзандаш моҳи март бо нақлиёти шахсӣ ба дидори волидон омадаву дар Тоҷикистон дармондааст. Ӯ бо сабаби доштани беморӣ наметавонад тавассути парвозҳои чартерии ҳавопаймоҳо ба Русия баргардад.
“Мо бо шунидани хабари кушодани Узбекистон хурсанд шудем ва аз шаҳри Кӯлоб ба инҷо омадем. Вале ба мо мушкилие пеш омад, ки гуфтанд барои аз марз гузаштан фақат шаҳрвандони Узбекистон ҳақ доранд, на шаҳрвандони Русия. Агар ба мо мегуфтанд, ки марз маҳкам аст ва иҷозаи гузаштан нест, хароҷот намекардем”, -- гуфт ӯ.
Дар пайи паҳншавии бемории коронавируси нав, дар моҳи марти имсол, Узбекистону Тоҷикистон марзҳои худро бастанд. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи боз кардан ва ё накардани марз бо Узбекистон чизе нагуфтаанд. Дар поёни нишасти ҳайатҳои Душанбеву Тошканд дар пойтахти Тоҷикистон рӯзи 29-уми сентябр низ чизе гуфта нашуд.
Ҳоло чашмҳо ба сӯйи Тоҷикистон нигаронда шудааст, ки оё роҳро барои гузаштани шаҳрвандонаш ба тарафи Узбекистон мекушояд, ё не. Тасмиме, ки бояд Ситоди муқобила бо коронавируси нав эълон кунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.