расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Оғози кори парлумони Тоҷикистон пас аз танаффуси семоҳа

. / Сиёсат

Оғози кори парлумони Тоҷикистон пас аз танаффуси семоҳа

Дар иҷлосия тағйироту иловаҳо ба қонунҳо баррасӣ мешаванд.

Сурат: DW
Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон пагоҳ, 1 октябр дар кори иҷлосияи нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ иштирок мекунанд.
Тавре ба “Азия-Плюс” Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумон хабар дод, дар ин иҷлосия вакилони мардумӣ тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонунҳо “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва “Дар бораи маориф”-ро баррасӣ мекунанд.
Қобили зикр аст, ки пандемияи коронавирус парлумони Тоҷикистонро низ канор нагузошт. Ҳанӯз аввали моҳи май вакили парлумон, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода аз коронавирус сироят гирифта, худро муолиҷа кард. Раиси палатаи поёнии парлумон Маҳмадтоир Зокирзода низ бемории илтиҳоби шуш (пневмони)-и дуҷонибаро паси сар кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.