расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » “Известия”: Амалҳои террористӣ дар Доғистон як моҳ пеш тарҳрезӣ шуда буданд

Сиёсат / Ҳаводис / Ҷаҳон

“Известия”: Амалҳои террористӣ дар Доғистон як моҳ пеш тарҳрезӣ шуда буданд

Ҳамлаҳои террористӣ ба як каниса (ибодатгоҳи яҳудиён) ва ду калисо (ибодатгоҳи масеҳиён) дар шаҳри Дарбент, ҳамчунин постгоҳи полис дар шаҳри Махачқалъа, ки 23 июн рух доданд, тақрибан як моҳ пеш тарҳрезӣ шуда буданд. Дар ин бора ба "Известия" як манбаи огоҳ аз рафти тафтишот хабар дода, гуфтааст, ин натиҷа аз маълумоти муфаттишон ҳангоми омӯзиши мукотибаҳои смартфонҳои террористони кушташуда ба даст омадааст.
Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, дар ин мукотибаҳо маълумотҳо мавҷуданд, ки тибқи онҳо мақсадҳои ҳамлаҳои террористон тасодуфӣ интихоб нашуда, балки пешакӣ тарҳрезӣ шуда буданд.
Рӯзи душанбе Кумитаи миллии зиддитеррористӣ (КМЗТ) хабар дод, ки ҳоло дар Доғистон ҳаммаслакони террористон ҷустуҷӯ мешаванд. Ин маълумотро манбаи "Известия", ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ наздик аст, низ тасдиқ кардааст.
“Аз эҳтимол дур нест, ки ҳадди ақал ҳамдардҳо ва касоне, ки дар таъмини терроризм даст доштанд, дар озодӣ боқӣ мондаанд, аз ҷумла касоне, ки террористонро бо силоҳ таъмин карданд. Аз мукотиба дар телефонҳои террористони кушташуда метавон тахмин кард, ки ҳамла тақрибан як моҳ пеш тарҳрезӣ шуда буд. Ҳоло тамоми пойгоҳи тамосҳои ҳамлаварон мавриди санҷиш қарор дода шуд, ҳатто шахсоне, ки зери кадом постҳои онҳо лайк гузоштаанд" - зикр кардааст ӯ.
Ба гуфтаи мусоҳиби "Известия", муфаттишон фарзияеро санҷида истодаанд, ки гурӯҳи террористӣ дар ноҳияи Сергокалинск мутамарказ шуда, атрофи як хонаи хурди намозгузорӣ мутамарказ шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.