расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Артиши Украина хонаҳоро дар вилояти Брянск тирборон кард

Сиёсат / Ҷомеа / Ҷаҳон

Артиши Украина хонаҳоро дар вилояти Брянск тирборон кард

Нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба сӯйи биноҳои истиқоматӣ дар Климово тирандозӣ карданд. Дар ин бора губернатори вилояти Брянск Александр Богомаз дар "Telegram-каналаш" хабар додааст.

"Имрӯз нерӯҳои мусаллаҳи Украина рустои Климоворо тирборон карданд. Дар натиҷаи тирпаронӣ ду бинои истиқоматӣ осеб дида, дар миёни сокинон қурбониҳо низ ҳастанд. Дар ҷои ҳодиса хадамоти дахлдор, Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ кор мекунанд. Ба мардум дар ҳоли ҳозир тамоми ёрии тиббии зарурӣ расонида мешавад", — навиштааст ӯ.

Тибқи иттилои пешакӣ, 7 нафар, аз ҷумла як зани ҳомиладор ва як кӯдак ҷароҳат бардоштаанд.

Губернатор афзуд, дар робита ба вазъи изтирорӣ тамоми мактабҳои вилоятҳои ҳаммарз бо Украина ба таълими фосилавӣ мегузаранд.

Қаблан Раёсати марзбонии Русия дар вилояти Брянск хабар дода буд, ки аз ҷониби вилояти Чернигов нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба гузаргоҳи автомобилии Новие Юркович аз миномётҳо тир холӣ кардаанд.

Дар ин лаҳза дар гузаргоҳ беш аз 30 гуреза буд ва касе аз онҳо осеб надидааст. Аммо пораҳои он ба ду мошини ғайринизомие бархӯрдаанд.

Ёдовар мешавем, Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".

Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.

Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.

Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.

Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд. Ба тарафҳо муяссар гардид, ки бар рӯи баъзе масъалаҳо созиш кунанд.

Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.