расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Ташкили паноҳгоҳи чандманзура дар ҷануби Тоҷикистон барои паноҳандагони афғонистонӣ

. / Сиёсат

Ташкили паноҳгоҳи чандманзура дар ҷануби Тоҷикистон барои паноҳандагони афғонистонӣ

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон як паноҳгоҳи чандманзура бунёд мешавад
Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба хабарнигорон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ин паноҳгоҳ ҳам барои қабули гурезаҳо ва ҳам барои хонаводаҳои тоҷике, ки дар пайи ҳаводиси табиӣ манзилҳояшон хароб мешаванд, хоҳад буд.

Ҳамчунин дар ин паноҳгоҳ гузарондани машқҳо барои қабули гурезаҳо сурат мегирад.

Ба гуфтаи вай, дар ҳолатҳои зарурӣ паноҳгоҳи зикршуда ҳамчунин барои қабули паноҳандагони афғон, истифода хоҳад шуд. Масоҳати умумии ин ҷои муқарраршуда 4 гектарро ташкил медиҳад.

«Дар майдони 2 гектар иншоот барои қабули гурезаҳо бунёд карда мешавад. Сохтмони ин иншоот, аз ҷумла иншоотҳои зерсохторӣ аз ҳисоби созмонҳои байналмилалӣ анҷом дода мешавад», — гуфт Рустам Назарзода.

Раиси КҲФ-и Тоҷикистон ҳамчунин зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки ба манзури ҷойгир кардани нафароне дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён ва шаҳри Хоруғ, ки дар оянда эҳтимол бино бар офатҳои табиӣ манозилашон хароб шавад ду иншоот сохта мешаванд. Ҳамчунин ин паноҳгоҳ метавонад барои ҳифзи маводи ғизоии марбути ҳолатҳои фавқулода ва ҳамчунин кумакҳои башардӯстона истифода шавад.

Дар анбори Кушониён аллакай микдори муайяни озукаворй захира шудааст. Сохтмони анбор дар Хоруғ имкон дорад дар моҳи марти соли ҷорӣ анҷом ёбад.

«Ин кумак ҳамчунин ба шаҳрвандони осебдидаи Афғонистон, ки дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, расонида мешавад», — гуфт Назарзода.

Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.