расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Гулбиддин Ҳикматёр, аз чеҳраҳои зидди Аҳмад Масъуд ба Эрон рафт

Сиёсат / Ҷаҳон

Гулбиддин Ҳикматёр, аз чеҳраҳои зидди Аҳмад Масъуд ба Эрон рафт

Ҷониби Эрон низ сафари раҳбари Ҳизби исломии Афғонистонро низ таъйид кард

Расонаҳои Афғонистон аз сафари Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби Исломӣ барои мулоқот бо мақомоти Эрон ба Теҳрон рафтааст.
Дафтари матбуотии Ҳикматёр низ ин хабарро таъйид карда гуфтааст, ки ӯ барои ҳамеша нарафтааст ва бармегардад.

Вазорати умури хориҷии Эрон низ сафари ӯро ба теҳрон расман таъйид кард.

Саид Хатибзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар робита ба сафари Гулбиддин Ҳикматёр ба Теҳрон гуфт, сафари чеҳраҳои афғон ба Эрон нав нест ва Теҳрон пайваста мизбони чеҳраҳои мухталифи афғон аст.

Ӯ гуфтааст, ки мо ҳамчунон пойгоҳе барои музокироти байни афғонҳо хоҳем буд.

Аммо дар бораи бо кӣ дидор кардани Ҳикматёр, ки аз ҷонибдорони сарсахти толибон аст, то кунун дақиқ нест.

Аммо коршиносон ҳадс мезананд, ки ӯ аз номи толибон рафтааст, то бо мақомҳои эронӣ дар бораи вазъи сиёсии Афғонистон, ки бо фарорасии баҳор душвор пешгӯӣ мешавад, мулоқот кунад, то Ҷабҳаи муқовиматро дигарбора ба миз музокирот нишонанд.

Эрон тайи чанд моҳи ахир талош дорад миёни Толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон миёнҷигарӣ кунад, ки дар ин самт як дидоре ҳам доир гардид, аммо бидуни натиқа гуфта шуд.

Оқои Ҳикматёр изҳор дошта буд, ки ҳизби ӯ намехоҳад дар ҳукумати толибон ширкат кунад, аммо бидуни қайду шарт аз он ҳимоят мекунад.

Масъуд ба Нурӣ чӣ гуфту бо Ҳикматёр чӣ кор кард? — хотираҳои сафир Ағбар
Ӯ дар гузашта зидди муқовимати аввал буд ва ҳоло зидди муқовимати дуввум аст ва аз толибон пуштибонӣ мекунад.

Қаблан гуфта буд, ки Худованд аз ҳукумате, ки бо ҷабҳа созиш мекунад, рӯй мегардонад ва ҳамзамон тими муқовиматро «кӯлобнишинон» унвон карда таъкид кард, ки кушодани дафтарҳои муқовимат дар дигар кишварҳо аз ҷумла Тоҷикистон ҷиддӣ гирифта шавад.

Гулбиддин Ҳикматёр аз чеҳраҳои зиддитоҷиконӣ дар Афғонистон аст. Ӯ қаблан низ бо пуштибонӣ аз Покистон зидди Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари муқовимати аввал ва ҳукумати устод Бурҳониддин Раббонӣ меҷангид.

Ӯ баъди суқути қаблии Кобул ба Тоҷикистон фирор кард ва баъдан бо кумаки Душанбе ба Теҳрон рафт.

Ахиран сарвазири Покистон Имрон Хон низ иқрор шуд, ки Ҳикматёр дар муборизаҳо бар зидди Масъуд аз Покистон дастгирӣ меёфт.

Ҷабҳаи муқовимати милли Афғонистон бас аз суқути ҳукумати қаблии Афғонистон дар таърихи 15 август дар вилояти Панҷшер таҳти раҳбарии Аҳмад Масъуд фарзанди қаҳрамони миллӣ Аҳмадшоҳи Масъуд эълони мавҷудият кард.

То кунун ин ягона нерӯе ҳаст, ки дар дохили Афғонистон бар зидди толибон мубориза мебарад.


Сарчашма:sputnik-tj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.