расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Муҷоҳид: Ҳақ дорем мухолифонро боздошт кунем

. / Сиёсат

Муҷоҳид: Ҳақ дорем мухолифонро боздошт кунем

Ҳамзамон бо иддаои боздошти ду зани муътариз дар Кобул тавассути гурӯҳи толибон сухангӯи ин гурӯҳ мегӯяд онон ҳақ доранд то «муххолифон ва касоне, ки қавонинро нақз мекунанд» боздошт ва зиндонӣ кунанд

 Ин мавзуъро Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи толибон дар сӯҳбат бо хабаргузории «Франс-Пресс» шарҳ додааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

«Ҳеҷ кас набояд даст ба бесарусомониҳо занад», гуфт ӯ;

Ба гуфтаи вай дар ин сурат ба «сулҳ у тартибот» халал ворид мешавад.

Вай ҳамчунин боздошти Таммано Заряб Парёнӣ ва Парвона Иброҳимхел, занони эътирозгар дар Кобулро рад кард.

Аммо занони тазоҳургар таъкид мекунанд, ки ду нафари онҳо шабона аз сӯйи толибон боздошт ва ҳоло дар боздоштгоҳи ин гурӯҳ нигаҳдорӣ мешаванд.

Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Кобул (UNAMA) низ аз нопадид шудани Таммано Заряб Парёнӣ ва Парвона Иброҳимхел изҳори нигаронӣ карда ва аз толибон хост, то дар бораи макони будубоши онҳо маълумот диҳанд.

Толибон дар панҷ моҳи ахир барои занон маҳдудиятҳои ҷиддӣ ҷорӣ карда, онҳоро аз кор ва таҳсил маҳрум кардаанд. Ин маҳдудиятҳо боиси эътирози густурдаи занон шудааст. Эътирозгарон дар тазоҳуроти худ шиорҳои «Нон, кор ва озодӣ» бардоштанд.

Аммо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид таъкид кард, ки ҳукумати толибон ба ҳуқуқи занон, «мувофиқи тафсири шариати исломӣ» бовар доранд.

«Ҳатто бидуни дархост (аз ҷомеаи ҷаҳонӣ) мо чунин мешуморем, ки занон бояд кор кунанд ва таҳсили худро идома диҳанд» — гуфт сухангӯи толибон.

Аммо санаи иҷозаи бозгашти духтарон ба мактабро пешниҳод накард ва танҳо гуфт, ки ин кор имкон дорад «соли оянда» роҳандозӣ шавад.


Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.