расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Муҳаммадтақии Собирӣ: Эрон ҳамвора аз сулҳу субот дар Тоҷикистон ҳимоят кардааст

. / Сиёсат

Муҳаммадтақии Собирӣ: Эрон ҳамвора аз сулҳу субот дар Тоҷикистон ҳимоят кардааст

Сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт, дар тавсеаи ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои мухталиф ҳич маҳдудияте вуҷуд надорад

 Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Душанбе дар як баёнияе қайд кардааст, ки равобити Эрону Тоҷикистон ба асоси пайвандҳои куҳан ва гусастанопазири фарҳангӣ, динӣ, тамаддунӣ, таърихӣ ва забонӣ ташаккул ёфтааст.

Оқои Собирӣ афзуд, Эрон ҳамвора аз сулҳу субот дар Тоҷикистон ҳимоят ва барои таҳаққуқи он мушорикати фаъолу нақши муҳим ва мумтозе доштааст.

«Эрон барои поён бахшидан ба даргириҳои дохилӣ дар ин кишвар пешқадам шудаву чандин давр аз музокироти сулҳи тоҷикҳоро мизбонӣ кардааст», — таъкид кардааст сафир.

Сафири Эрон дар Душанбе бо баёни ин ки Эрон саҳми пешгомонае дар кумак ба тақвияти зерсохтҳову тавсеа ва шукуфоии Тоҷикистон доштааст, таъкид кард, кишвараш барои тавсеаи равобиту ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳич маҳдудияте надорад.

Ёдрас менамоем, ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон пас аз интихоби Сайидиброҳими Раисӣ ба унвони раисҷумҳури ҷадиди Эрону сафари ӯ ба Тоҷикистон ва дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯ ба густариш ниҳодаанд.

Байни ду кишвар зиёда аз 170 созишномаю тафоҳумнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.

Дар ҳамкории иқтисодии миёни ду кишвар Комиссияи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон нақши муҳим дорад ва то имрӯз 14 нишасти ин комиссия дар Душанбе ва Теҳрон баргузор шудааст.


Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.