расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Коргарони муҳоҷир дар Русия шаҳрвандони кадом кишварҳоянд: Посухи ВУД

. / Сиёсат

Коргарони муҳоҷир дар Русия шаҳрвандони кадом кишварҳоянд: Посухи ВУД

Ба Русия аз ҳама беш шаҳрвандони се кишвари Осиёи Марказӣ барои дарёфти ҷойи кор меоянд

Дар миёни муҳоҷироне, ки ба Русия барои кор меоянд, бештар шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қиризистон мебошанд. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия хабар дод.

Ба гуфтаи сардори Раёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия Валентина Казакова, беш аз 82 дарсади муҳоҷирони кории хориҷӣ дар Русияро шаҳрвандони ин се кишвар ташкил медиҳанд.

Казакова зикр намуд, ки ҳамаи ин муҳоҷирон дар асоси қонун дар Русия фаъолият мекунанд. Ба таъкиди намояндаи ВКД, кишварҳои ИДМ дар асоси равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва таърихӣ ба таври анъанавӣ ҳамчун «давлатҳои донори қувваи кории хориҷӣ барои Федератсияи Русия» маҳсуб мешаванд.

Вай ҳамчунин ба «Интерфакс» гуфтааст, Вазорати корҳои дохилӣ дар чаҳорчӯби беҳбуди низоми назорат бар хориҷиён дар Русия имкони ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ аз ин кишварро барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии дағалонаи маъмурӣ баррасӣ мекунад.

Илова бар ин Вазорати корҳои дохилӣ дар чаҳорчӯби ислоҳоти ҳамаҷонибаи қонунгузории муҳоҷират тасмим гирифтааст, ки санади ягонаи дорои фазои электронии нигаҳдории шаҳрвандони хориҷиро таҳия кунад. Ин имкон медиҳад, ки муҳоҷирони қонуншикан зуд муайян шаванд.

Сарчашма: ​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.