расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Низомиёни Русия дар кӯҳҳои Тоҷикистон "тирпаронӣ" карданд

. / Сиёсат

Низомиёни Русия дар кӯҳҳои Тоҷикистон "тирпаронӣ" карданд

Мутахассисони тирандози пойгоҳи 201-уми Русия дар кӯҳҳои Тоҷикистон машқ карданд

Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон, ҳамлаи террористони «шартӣ» — ро ҳангоми машқҳои кӯҳӣ нобуд карданд, гузориш медиҳад хадамоти матбуотии Окрууги марказии низомӣ.

Тирандозони пойгоҳ дар майдони кӯҳии Лоҳур машқ карданд.

«Беш аз 500 тирандоз амалиёти муштаракро зимни ҳуҷуми душмани шартӣ тамрин карданд. Тибқи нақшаи амалиёт, „душман“ кӯшиш кардааст, то ба қаламрави пойгоҳ ворид шавад ва иншооти муҳими низомӣ, аслиҳа ва техникаи ҳарбиро забт кунад», — гуфта мешавад дар паём.

Дар ҷараёни тамрин низомиён ҳамларо бомуваффақият рафъ намуда, роҳҳои фирор аз «террористон"-ро баста, онҳоро бо истифода аз аслиҳаи стандартии БМП-2 маҳв карданд, таъкид карданд дар хадамоти матбуотӣ.

Дар ҷараёни машқҳо низомиён аз тӯпҳои 30 мм 2А42 ва пулемётҳои танкии Калашников, ки дар БМП-2 насб шудаанд, тирпарронии назоратӣ анҷом доданд.

Ҳайати шахсӣ бо мошинҳои зиреҳпӯш, тупҳо, гранатомётҳо, инчунин қувваи кории душмани шартӣ ба ҳама ҳадафҳо бомуваффақият зарба заданд.

Тирпаронӣ ҳам аз маофаи ктоҳ ва ҳам масофаи то 1,5 хазор метр гузаронда шуд.

Тасвиби протокол: Русия 103 бинои низомиро ба Тоҷикистон медиҳад

Пойгоҳи 201-уми низомии мустақар дар Тоҷикистон — бузургтарин таъсисоти низомии Русия дар берун аз марзи ин кишвар аст. Пойгоҳ дар ду шаҳр — Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст.

Cарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.