расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Мувофиқаи Русияву Тоҷикистон барои мубориза алайҳи террористҳои афғон

. / Сиёсат

Мувофиқаи Русияву Тоҷикистон барои мубориза алайҳи террористҳои афғон

Намояндагони мақомоти ду кишвар роҷеъ ба масоили амниятӣ мулоқоти навбатӣ баргузор карданд

Русия ва Тоҷикистон барои мубориза бо терроризм тадобири муштарак хоҳанд андешид. Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Русия хабар додааст.

Созишномаҳо дар ин бора зимни як мулоқот миёни Олег Сиромолотов-муовини раиси Вазорати коҳои хориҷии Русия ва ҳамтои тоҷикаш Содиқ Имомӣ ҳосил шудааст.

Ҳамин тариқ, дипломатҳо масъалаҳои мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар пасманзари рушди авзоъ дар Афғонистонро баррасӣ кардаанд.

«Барои таҳкими ҳамкориҳои махсуси Русияву Тоҷикистон ба манфиати таъмини суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад», — хабар дод вазорат.

Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки дар пешгирии таҳдидҳои ҳамкории бештаре ба роҳ монанд.

Сиромолотов ва Имомӣ ба муқовимат бо созмонҳои террористӣ, аз ҷумла «Давлати исломӣ»* ва зарурати муттаҳид кардани талошҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд.

«Дар бораи тавсеаи пай дар пай муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои нав дар платформаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, САҲА, ИДМ, СПАД, СҲШ созиш ҳосил шуд», — афзуд вазорат.

Ёдовар мешавем, ки мулоқоти намояндагони вазоратҳои хориҷаи ду кишвар дар чаҳорчӯби даври навбатии машваратҳои Русияву Тоҷикистон сурат гирифт.

Қаблан вазирони умури хориҷаи Русия ва Тоҷикистон дар мавриди ҳамоҳангсозии иқдомот дар мавриди авзоъ дар Афғонистон ба мувофиқа расида буданд.


Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.