расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Гуфтушуниди Тоҷикистону Қирғизистон барои мубодилаи боздоштшудаҳо

. / Сиёсат

Гуфтушуниди Тоҷикистону Қирғизистон барои мубодилаи боздоштшудаҳо

Намояндаи расмии раисҷумҳури Қиризистон дар вилояти Бодкант эълон кардааст, феълан дар ҳоли гуфтушунид бо ҷониби Тоҷикистон барои мубодилаи шаҳрвандоне ҳастанд, ки марзшиканӣ кардаанд

Абдукарим Олимбоев, намояндаи ваколатдори расиҷумҳурии Қиризистон дар як нишасти матбуотӣ хабар додаааст, ки дар Тоҷикистон ҳафт шаҳрванди Қирғизистон барои ғайриқонуни убури марз боздошт шуданд, иттилоъ додааст хабарагузории 24kg.

Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир тарафҳо дар мавриди табодули боздоштшудаҳо музокира доранд.

«Тавре медонед, бархе аз деҳаҳои марзӣ ба ҳам наздиканд ва сокинон тасодуфан марзро убур мекунанд. Дар Тоҷикистон 7 нафар шаҳрвандони мо боздошт шудаанд, мо ҳам шаҳрвандони Тоҷикистонро боздошт кардаем. Ба мо маълумот расид, ки ду шаҳрванди Қирғизистон дар Тоҷикистон барои убури ғайриқонунии марз маҳкум шудаанд. Гуфтушунид барои ба ватан баргардондани онҳо идома дорад. Шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар чаҳорчӯби қавонини Қирғизистон ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Сипас, агар қонун иҷозат диҳад, мо онҳоро ба кишвари ҳамсоя медиҳем», — гуфт Абдукарим Олимбоев.

Тибқи иттилои расонаҳои Қирғизистон, ки ба наздикони боздоштшудагон такя мекунанд иттилоъ медиҳанд, ки дар авоили моҳи декабр дар Тоҷикистон мурофиаи додгоҳии донишҷӯи 24-сола Айдарбек Ҳайдаров ва ду шаҳрванди дигари Қирғизистон баргузор шуд.

Айдарбек Ҳайдаров ба ду сол маҳкум шуда, дигар шаҳрвандони Қирғизистон мӯҳлатҳои вазнинтар гирифтанд.

Расонаҳо хабар додаанд, ки он замон ин маълумотро дастгоҳи ваколатдори раисҷумҳури Қирғизистон дар вилояти Бодканд тасдиқ накарда буд.

Гуфта мешавад, раёсати вилоят ҳафтаи дуюм аст, ки посухи дархости худро аз ҷониби Тоҷикистон интизор аст.


Сарчашма:Sputnik Tajikistan

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.