расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Иморот ба мансабдорони фирории Афғонистон: дар ин ҷо корҳои сиёсӣ накунед

Сиёсат / Ҷаҳон

Иморот ба мансабдорони фирории Афғонистон: дар ин ҷо корҳои сиёсӣ накунед

Имороти Муттаҳидаи Араб раисиҷумҳури фирорӣ ва дигар сиёсатмадорони собиқи Афғонистонро, ки дар ин кишвар зиндаги доранд, аз сиёсат манъ кардааст

Имороти Муттаҳидаи Араб тамоми сиёсатмадорони собиқи Афғонистонро, ки дар Дубай ва шаҳрҳои дигар муқимианд, аз фаъолиятҳои сиёсӣ манъ кардааст.
Дар бора Башир Аҳмад Қосонӣ дар сафҳаи Твиттер навиштааст
Бар асоси ин гузориш, ба ин фармон Ашраф Ғанӣ, Ҳамдуллоҳ Муҳиб ва Атто Муҳаммади Нур низ шомиланд.

Имороти Муттаҳидаи Араб дар ҳоле, мақомҳои пешини Афғонистонро аз корҳои сиёсӣ манъ кардааст, ки сарпарасти вазорати корҳои хориҷии толибон дар Қатар ба сар мебарад.

Ёдовар мешавем ҳукумати қаблии Афғонистон бо раҳбарии Ашраф Ғанӣ пеш аз вуруди ҷангҷӯёни толиб дар санаи 15 август ба Кобул суқут кард.

Худи президент бо чанд афроди наздик ба худаш ба Иморот фирор кард ва ба иттилои расонаҳо бо худ садҳо миллион долларро ҳам кашонидааст.

Сиёсатмадорони дигари пешин аз қабили Ато Муҳаммад Нур ҳарчанд барои мубориза бо толибон изҳори омодагӣ мекард, аммо истодагарияш танҳо чанд соат давом кард.

Ӯ низ пас аз вуруди толибон ба Мазори Шариф нахуст ба Ӯзбекистон ва аз он ҷой ба Дубай рафт.

Нур Дустум ва чанд сиёсатмадори дигари пешин, ки дар Иморот қарор доранд, ахиран аз рӯйи кор омадани як ҷабҳаи дигар муқовимат хабар дода буданд, аммо дигар то кунун дар бораи фаъолияти ин сиёсатгарони пешин хабаре нест.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.