расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Тоҷикистон аз Қазоқистон кумаки низомӣ мегирад

. / Сиёсат

Тоҷикистон аз Қазоқистон кумаки низомӣ мегирад

Тоҷикистон аз Қазоқистон ба сифати кумаки бемузд муҳимоти ҷангӣ ва таҷҳизоти вижа хоҳад гирифт
Вакилони палатаи болоии порлумони Қазоқистон лоиҳаи қонун дар бораи тасвиби ду созишномаи байни ҳукуматҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон дар бораи расонидани кумаки ҳарбию техникӣ ба ҷониби Тоҷикистонро ба тасвиб расонданд, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.

Ба иттилои манбаъ, ҳанӯз 17 апрели соли равон дар Нурсултон созишнома дар бораи кумаки бебозгашти ҳарбию техникӣ ба имзо расида буд.

Қаблан, роҳбарони Тоҷикистону Қазоқистон, Қосимҷомарт Тоқаевев ва Эмомалӣ Раҳмон, дар ин бора дар мулоқоти соли 2020 ба мувофиқа расида буданд.

«Дар созишнома омода буд, ки Тоҷикистон муҳимоти ҷангӣ ва таҷҳизоти вижаро дастрас мекунад, вале набояд онро дар ихтиёри кишвари сеюм вогузор кунад», — изҳор дошт Руслан Шпекбаев муовини вазири мудофиа зимни муаррифии лоиҳаи қонун.

Ба гуфтаи вай, интиқоли техникаи низомӣ ба Тоҷикистон ба вазъи омодагии ҷангӣ ва тавоноии дифоии Қазоқистон таъсире нахоҳад гузошт.
Ба гуфтаи Шпекбоев, чунин кумак дар робита ба вазъи кунунӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва ҳамчунин ба далели афзоиши чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ зарур аст. Кӯмаки ҷониби Қазоқистон қудрати ҷангии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро афзоиш медиҳад.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.