расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Коршинос: Сиёсати толибон тағйир ёфтааст

Сиёсат / Ҷаҳон

Коршинос: Сиёсати толибон тағйир ёфтааст

Коршинос сиёсати толибони то соли 2001 ва сиёсати толибони кунуниро муқоиса кардааст

Муовини раиси Шӯрои амнияти Қирғизистон Таалатбек Масодиқов гуфт, сиёсати толибон аз он чӣ, ки қабл аз ҳамлаи Амрико ба Афғонистон буд, фарқ мекунад.

Ӯ ин андешаро дар ҳошияи конфронси Қирғизистону Русия таҳти унвони «Вақеъияти нави Афғонистон: таҳдидҳо ва чолишҳо барои Осиёи Марказӣ ва Русия» иброз дошт.

«Агар Толибони кунуниро бо онҳое, ки қабл аз ҳамлаи нерӯҳои Амрико ва НАТО дар соли 2001 буданд, муқоиса кунем, табиист, ки бисёр чиз тағйир ёфтааст. Ҳоло толибон дар муносибат бо ВАО, таҳсили духтарон, ҳуқуқи занон назари дигар доранд», — гуфт ӯ.

Ба қавли коршинос, пешрафт вуҷуд дорад, аммо он қадар бузург, тавре ки дигар кишварҳо мехоҳанд, нест.

Вай афзуд, ин масъала боз боқӣ мемонаду мардуми Афғонистон ва ҳукумати феълӣ роҳҳои қобили қабули ҳалли онро пайдо хоҳанд кард.

Ғасби Афғонистон аз ҷониби толибон

Дар нимаи моҳи август толибон ба пойтахти Кобул ворид шуда, қасри президентро ишғол карданд. Бо ҳамин ҳокимият ба дасти ин гурӯҳ гузашт.

«Ҳукумати паштуншумул»: тору пуди ҳукумате, ки «Толибон»* эълон карданд 
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ ниҳоят фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи Амрико дар Афғонистон хотима доданд.

Регистонӣ: Толибон мехоҳанд Афғонистонро иёлоте аз Покистон бисозанд 
Ҷангҷӯён ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистонро эълон карданд. Сарварии онро Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи аввали ҳукмронии ин гурӯҳ вазири хориҷа буд ва таҳти таҳримоти СММ қарор дорад, ба уҳда дорад.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.