расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Мувофиқаи Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли мушкилоти марзӣ

. / Сиёсат

Мувофиқаи Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба мувофиқа расиданд, ки дар ҳалли баҳсҳои марзӣ ҳамкории наздиктар кунанд

Вазирони умури хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи масоили марзӣ гуфтугӯ карданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ниҳоди дипломатии Қирғизистон.

Сироҷиддин Муҳриддин ва Руслан Казакбоев дар чаҳорчӯби муколамаи Иттиҳодияи Аврупо — Осиёи Марказӣ дидору гуфтугӯ карданд. Вазирон дар бораи мавҷудияти шумораи зиёди механизмҳои ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки маҳсулнокии амалҳоро оид ба масъалаҳои сарҳадӣ дар тамоми сатҳҳои ҳамкорӣ афзоиш диҳанд.

Дар ҷараёни мулоқот Казакбоев таъкид кардааст, ки ҷониби Қирғизистон ҳадаф дорад, ҳарчи зудтар сабти қонунии хатти марзи давлатӣ бо Тоҷикистон анҷом шавад.

Вазирон ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони ду кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Ба ин манзур, раиси вазорати умури хориҷаи Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки намояндагони додситонӣ ва ҳокимияти судӣ барои машварат бо марзбонон ба мурофиаҳо ҷалб карда шаванд.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди зарурати таъсиси гурӯҳҳои кории фаврӣ миёни Додситонии кулл, Вазоратҳои корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ ҷиҳати ҳалли ҳарчи зудтари масъалаҳои ба миёномада ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони ду кишвар ба мувофиқа расиданд.

Вазирон инчунин ба тавофуқ расиданд, ки кор бо аҳолии маҳаллӣ ба манзури коҳиши таниш дар манотиқи марзӣ пурзӯр шавад.

Дар баробари масъалаи марз, вазирони корҳои хориҷӣ имконоти густариши равобити тиҷоратиро низ баррасӣ карданд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.